“Иттиҳоди мо – қудрати мост!” Чӣ тавр муҳоҷирон дар як деҳаи Ишкошим мактаб сохтанд?

Як гурӯҳ муҳоҷирони деҳаи Намадгути Бадахшонзамин, ки дар сар то сари дунё дар муҳоҷират ҳастанд ва баҳри пешрафти зиндагиву ободонии диёри худ саҳм мегузоранд. Қаҳрамони мо, Фароз Алиқулов муддате дар муҳоҷират будаву баъди чанд соли муҳоҷират ба зодгоҳаш деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим баргашта, кӯчаву пайраҳаҳои замони кӯдакии худро тамошо мекунад.

Ӯ ба дидани мактабаш, ки ӯро тарбияву хату савод омӯхта буд, меравад.

“Мактабро дида, нахуст ба ёди ман омад, ки чи гуна мо нахустин хатмкунандагон, ду писар ва 8 духтар дар як синф таҳсил мекардем. Ҳамон вақте, ки ба деҳа баргаштам, директори мактаб Шодавронов Муҳиддин буданд. Ёд дорам, ки мо бо ҳамсинфон якҷо саҳни мактабро тоза мекардем ва барои худ майдончаи варзишӣ омода мекардем”,- нақл кард ӯ.

Фароз Алиқулов роҳбари гурӯҳи “Намадгутиёни дунё”

Қаҳрамони мо пас аз ин дидор ба хулосае меояд, ки барои фарзандони зодгоҳаш мактаби нав бо шароитҳои беҳтар лозим аст. Оид ба бунёди мактаби замонавӣ бо директори мактаб суҳбат мекунад.

“Тасмим гирифтам, ки бо директори мактаб ҳамсуҳбат шавам. Пурсидам, мо гуруҳи муҳоҷироне, ки берун аз ватан қарор дорем, барои таъмир ва азнавсозии мактаб чи гуна метавонем ба Шумо ёрӣ расонем? Директор гуфтанд, ки ростӣ чанд муддат боз барои азнавсозии мактаб ба маорифи ноҳия мактуб фиристодем ва дар ҳоли санҷиш қарор дорад”,- ба хотир овард ӯ.

Кӯмаки ҳар муҳоҷир мисли як хишт дар бинои умед аст…

Баъдан қаҳрамони мо ба Москва рафта, миёни муҳоҷирони ҳамдеҳаи худ масъаларо дар миён мегузорад. Ӯ пеш аз ба Русия рафтан, вазъи мактабро акс ҳам гирифта буд.

Бо муҳоҷирони ҳамдеҳааш тасмим мегиранд, ки барои ободониву пешравии деҳаву ноҳияи худ гурӯҳеро дар фазои маҷозӣ таъсис бидиҳанд. Ин гурӯҳро онҳо “Намадгутиёни дунё” унвон доданд.

Муҳоҷирон дар ҳамдиливу ҳамфикрӣ дар муддати кутоҳ тавонистанд бисёре аз ҳамдиёронро дар гуруҳ ҷамъ оваранд.

“Нахуст бо маслиҳати ҳамдиёрон нақша гузоштем, ки тӯли як сол аз ҳар як муҳоҷир ба миқдори 10 ҳазор рублӣ ҷамъоварӣ намуда, сохтмони мактабро ба роҳ монем. Бо тарғибу ташвиқи ҳамдиёрон саҳми худро дар ин иқдоми нек гузоштанд”,- гуфт Фароз.

Ҳамин тавр, соли 2020 сохтмони мактаб оғоз гардида, соли 2024 анҷом ёфт.

Барои сохта ба истифода додани мактаби нав аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатии деҳаи Намадгут тақрибан 500-550 ҳазор рубл сарф гардид.

“Дар ҷойе, ки мо сохтмонро оғоз намудем, ду синфхонаи аллакай тайёр буд ва мо дар давоми он чор синфхона, хонаи муаллимон ва як китобхонаву толор сохтем. Масолеҳи сохтмонро бо пули муҳоҷирон харидем ва сохтмон тариқи ҳашари дастаҷамъонаи сокинони деҳа сохта шуд. Аз рӯи шартнома маорифи ноҳия мактабро бо таҷҳизот таъмин кард.

Вақте синфхонаҳои куҳнаро дидем, ба назарамон мактаби куҳна омад, дидем, ки аллакай қобили таъмир ҳам нест, синфхона торик ва ҳатто агар таъмир ҳам кунем рӯшан намешавад. Тасаввур кардем, ки кӯдакони хурдсоли мо дар он ҷо таҳсил мекунанд ва мабодо агар заминҷунбии сахте шавад, ҷони онҳо дар хатар мемонад”,- иброз дошт ин муҳоҷир.

Ӯ афзуд, новобаста ба он ки муҳоҷирон ба давлатҳои Русия, Лаҳистон, ИМА, Британияи Кабир, Олмон ва дигар кишварҳо сафар карда, аллакай муқимӣ шудаанд, вале ҳувияти миллии хешро аз даст надода, ба ҳар восита диёри хешро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунанд.

“Масалан худам муддати тулонӣ дар шаҳри Москва зиндагӣ мекунам ва аллакай фарзандонам калон шуда истодаанду дар ин ҷо таҳсил мекунанд. Вале пайваста дар фикри диёри хеш мебошам.Зеро он маконест, ки мо дар он таваллуд шудем, таҳсил кардем ва имрӯз бо шарофати сулҳу осудагии кишварамон ба ин мартабаи зиндагӣ расидем”,- изҳор дошт Фароз.

Ҳамбастагӣ решаи рушди устувори ҷомеа

Ба ғайр аз ин иқдом муҳоҷирони деҳаи Намадгут боз ёриҳои ҳамешагӣ ба деҳаи худ мекунанд. Масалан дар авҷи пандемияи короновирус муҳоҷирон ба деҳаи Намадгут ба миқдори 474 ҳазор рубл ва ба беморхонаи ноҳияи Ишкошим 55 ҳазору 500 рубл бо харидани дору ва лавозимоти санитариву чизҳои зарурӣ барои пешгирӣ аз беморӣ кӯмак расониданд.

Ғайр аз ин барои зебоӣ ва равшансозии деҳа дар канори роҳҳо сутунҳои рушноидиҳиро насб кардаанд. Инчунин бо кӯмаки панҷоҳ фоизаи Бонки умумиҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо намояндаи сокини деҳаи Намадгут Парвин Қурбонбеков дуюмин қубури обгузарро дар деҳа сохтанд.

Муҳоҷирони ин деҳ инчунин барои барқарорсозии осорхонаи таърихии деҳа бо номи “Шоҳимардон” маблағ ҷамъ карда истодаанд ва сохтмони осорхона аллакай оғоз гардидааст.

Қаҳрамони мо аз лаҳзаи ифтитоҳи мактаби тозабунёди деҳа ёдовар шуд.

“Мо интизор набудем, вале ҳамдиёрон барои мо навори сипосгузорӣ омода карда будаанд, ки дар он раиси деҳа Бандаишо Доробшоев, директор ва шогиродони мактаб, инчунин як гурӯҳ аз сокинон изҳори миннатдорӣ аз муҳоҷирон баён намуда, ба мо дуои нек доданд”,- нақл кард муҳоҷир.

Қаҳрамони мо ифтихор аз он дорад, ки заррае ҳам бошад, саҳми худро гузошт то диёраш ободтар гардад.

“Муроҷиати ман ба тамоми муҳоҷирони тоҷик, ки дар саросари дунё ҳастанд, ҳамеша мисли “ҷорӯби баста” иттифоқ бошанд, тавре бобоям мегуфт, ки “шохаҳои ҷорӯб дар танҳоӣ беқувват аст, вале “ҷорӯби баста” пурқувват мешавад. Иттиҳоди мо ин қудрати мост!”,- хулоса кард Фароз.

Дило Доробшоева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *