Шаби Фарзонаи Хуҷандӣ дар Теҳрон

Шаби 884-уми маҷаллаи маъруфи фарҳангии «Бухоро» бо ҳамкории Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон ба бузургдошти шоири шинохтаи тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ бахшида шуд.

Ин ҳамоиш, ки шоми 10 сентябри соли  равон дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид, дар фазои фарҳангӣ ва гарми дӯстӣ ҷараён гирифта, садҳо дӯстдорони адабиёт ва фарҳанги тоҷику форсро гирди ҳам овард.

Меҳмони вежаи шаб доктор Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ – шоир, пажӯҳишгар ва яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти муосири Эрон буд, ки бо суханони пурмуҳтаво аз ҷойгоҳи адабии Фарзонаи Хуҷандӣ ёдовар шуд.

Дар ҷараёни маҳфил порчаҳое аз ашъори Фарзона қироат гардид ва суханони муҳаббатомезу арзишманди зиёиён дар бораи саҳми ӯ дар поягузории забони нозуки шеърии тоҷикӣ баён шуд.









Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *