Ҷоизаи сармуҳаррири Oila.tj

Фирӯза Сатторӣ, сармуҳаррири сомонаи Oila.tj дар озмуни “Иқтисод ва саводнокии молиявӣ: забоне, ки ба ҳама фаҳмост” ширкат варзида, сазовори ҷоизаи махсус гашт.

Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”-и пойтахт маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни миллии рӯзноманигорон таҳти унвони «Иқтисод ва саводнокии молиявӣ: забоне, ки барои ҳама фаҳмост» баргузор гардид. Озмуни мазкур аз ҷониби Эътилофи миллии занони рӯзноманигори Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Freedom Bank Тоҷикистон баргузор гашта, мақсади лоиҳа баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ тавассути журналистикаи касбӣ ва дастгирии рӯзноманигорон дар омода намудани маводҳои босифат оид ба иқтисод ва саводнокии молиявӣ буд.

Яке аз шартҳои асосии озмун мавзуҳои мураккаби молиявиро бо забони содда ва фаҳмо шарҳ дода, ба шаҳрвандон дар қабули қарорҳои огоҳонаи молиявӣ кумак расонидан буда, дар озмун рӯзноманигорон ва фрилансерони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва мустақили кишвар аз гӯшаву канорҳои гуногуни Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Тавре масъулини чорабинӣ зикр намуданд, ба озмуни миллии “Иқтисод ва саводнокии молиявӣ: забоне, ки ба ҳама фаҳмост” 48 нафар журналистони касбӣ беш аз 60 мавод пешниҳод намудаанд. Ҳакамони озмун дар 4 номинатсия 3 нафари ғолибонро интихоб намудаанд.

Сармуҳаррири сомонаи Oila.tj Фирӯза Сатторӣ барои таҳияи подкасти “Сармоя” дар мавзуи “Қадам ба қадам: чӣ гуна бо қарзи иппотека соҳиби хона гаштан мумкин аст?” соҳиби ҷоизаи махсуси “Фридом-Бонк Тоҷикистон” дар ҳаҷми 15000 сомонӣ гашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *