Ҷонибек Муродов – аз гурӯҳи «Боло» то саҳнаҳои бузург (видео)

Имрӯз, 29 май Ҷонибеки Мурод, яке аз овозхонҳои маъруф ва маҳбуби Тоҷикистон мавлуд дорад.

Ӯ 29 майи соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, фарзанди Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов мебошад.

Ҷонибеки Мурод соли 2003 мактаби миёнаро дар Хуҷанд хатм намуда, таҳсилро дар Донишгоҳи муосири гуманитарии тоҷикиву русӣ идома додааст. Ӯ ин донишгоҳро бо ихтисоси забоншинос-арабшинос ба поён расондааст.

Фаъолияти ҳунарии овозхон аз соли 1995 оғоз гардида, то соли 2005 дар гурӯҳи «Боло» ҳунарнамоӣ кардааст. Солҳои 2006–2007 бо гурӯҳи «Вазир» фаъолият бурда, аз соли 2007 ба таври мустақил ба саҳна баромад мекунад.

Ӯ бо сарояндагони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Нигина Амонқулова, Меҳринигори Рустам ва Дамирбек Олимов суруд хондааст.

Ҷонибеки Мурод барандаи ҷоизаҳои «Суруди сол» дар солҳои 2005, 2006 ва 2007, ҷоизаи «Ситораи сол» дар соли 2008 ва ҳамчунин ҷоизаи “Tamoshow Music Awards – 2017” мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *