Кӯмак ба зарардидагони заминларзаи Рашт ва Тоҷикобод

15 апрел бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми зарардида аз заминларза дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод кӯмакҳои аввалия, аз ҷумла маводи хӯрока, ашёи зарурии рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд.

Рафти расонидани ёрӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офат таҳти назорати доимии Сарвари давлат қарор дорад.

Хотиррасон менамоем, ки 13 апрели соли 2025, соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *