Қоҳир РАСУЛЗОДА, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома. Расулзода Қоҳир (Абдуқоҳир Абдурасулович Назиров то моҳи майи соли 2007) 8-уми марти соли 1961 дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Соли 1982 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис — гидротехник ва соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси идоракунии давлат ва маҳаллӣ хатм кардааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Фаъолияти корӣ. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1982 ба сифати техник-лаборанти лабораторияи сохтмонии иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, минбаъд солҳои 1985-2000 аз вазифаи устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №4-и иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой»-и шаҳри Хуҷанд то сардори иттиҳодияи мазкур фаъолият намудааст.

Солҳои 2000-2006 дар мансаби вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2006 то 2013 дар вазифаи раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Солҳои 2007-2013 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм ва чорум ва муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми ноябри соли 2013 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Унвони илмӣ. Номзади илмҳои техникӣ.

Қадршиносӣ. Барои фаъолияти меҳнатиаш бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон», ордени Зарринтоҷ дараҷаи II ва мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон — ордени «Фидокорона хизматлари учун» (Барои меҳнати фидокорона) сарфароз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *