Ваксинаҳо бехатаранд? Ин мавзуъ дар як семинар-машварати омӯзишӣ баррасӣ шуд

Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Амирзода Абдухолиқ, директори генералии «Маркази ҷумҳуриявиии ммунопрофилактика” Саидзода Файзалӣ, намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, коршиносон ва духтурони соҳа дар мавзуи “Бехатарии ваксинаҳо ва зиддинишондодҳо ҳангоми гузаронидани иммунизатсия” семинар-машварати омӯзишӣ баргузор карда шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, зимни ин чорабинӣ оид ба хусусиятҳои ваксина, нигоҳдорӣ ва интиқол, маҳдудиятҳои синнусолӣ, чораҳои эҳтиётӣ ва дигар паҳлуҳо миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

“Гирифтани ваксина ягона роҳи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус мебошад”,- таъкид намудааст Амирзода Абдухолиқ.

Дар рафти семинари мазкур бори дигар ба иштирокчиён оид ба зарурати гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ миёни аҳолӣ, истифодаи дурусту самараноки ваксинаҳо ва дигар мавзуҳои муҳим тавсияҳои муфид дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *