Кӣ забондонтар, Сайёфи Мизроб ё Кумитаи забон?

Нашрияи мустақили «СССР» ба нақзи қоидаҳои забони давлатӣ муттаҳам шудааст. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, баъди мутолиаву санҷиши тахминан 40 шумораи «СССР» аз Додситонии кул хостаанд, ки нашрияро ҷарима бандад.

Мақомот иддао доранд, ки ба идораи рӯзнома дар мавриди нақзи қонун дар бораи забони давлатӣ бо мисолҳои мушаххас мактуби расмӣ фиристода буданд, вале ҷавоб нагирифтанд.

Даъво чист?

“Дар матлабҳои санҷидашуда истифодаи калимаҳои шевагӣ, истилоҳот аз забонҳои ғайр ва дар мукотибаи идораи ин нашрия риоя накардани меъёрҳои забони давлатӣ ошкор шудааст”, — гуфт Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон, рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ.

Ӯ ба унвони мисол калимаи «Ихвон-ул-СССР»-ро дар ин нашрия зикр кард ва афзуд, «СССР» зери назорати ҷиддии кумита қарор дорад. Ҳангоми суҳбат бо мутахассисон ҳам гуфтем. Ҳарчанд онҳо гуфтанд, сабаби бо ин забон нашр шудани рӯзнома дар чист, вале ин баҳонаҳо назди қонунгузорӣ ва назди татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ ягон асос шуда наметавонад.»

Ҳамчунин, Мавҷигул Давлатшоева, мудири бахши ташхиси забоншиносӣ дар Кумитаи забон, гуфт, «дар нашрия калимаву истилоҳҳое дарҷ мешаванд, ки ба забони мо бегона ҳастанд.»

Сайёфи Мизроб, муассис ва сардабири «СССР», дар посух ба ин иддао гуфт, номаи кумита моҳи апрели соли гузашта буд, вале дар он дар бораи пешбинии ҷарима ҳарфе гуфта нашудааст. Вай афзуд, масъулини Кумитаи забон ва истилоҳот дар номаи худ худдорӣ аз истифодаи калимаҳои шевагӣ ва русиро тақозо карда буданд.

«Почтаи электронӣ«-ро «суроғаи барқӣ» гӯем?

“Кумита, экспертиза ва почтаи электронӣ. Пас, кумита аввал бояд худашро ислоҳ кунад. Экспертиза, кумита, почтаи электрониро дар асри 21 чӣ мешавад гуфт? Суроғаи барқӣ? Ё нишонии барқӣ?” – суол гузошт Сайёфи Мизроб.

Вай дар идома афзуд, “агар Шарофзода чунин мутахассиси хуби забон аст, омода ҳастам, ҳар рӯз қабл аз оғози кор 45 дақиқа дарси ӯро бишнавам. Дар ҳоле ки ҳатто дар номаи ин кумита чанд мавриди риоя нашудани қоидаҳои забони давлатиро ошкор кардам».

Кумитаи забон ва истилоҳот дар маҷмӯъ даҳҳо расонаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ба риоя накардани қоидаҳои забони давлатӣ айбдор намудаанд. Дар миёни ин расонаҳо ҳафтаномаҳои «Фараж», «Тоҷикистон», «Дунё», телевизонҳои «Тоҷикистон», «Душанбе», «Сафина» ва «Баҳористон» низ ҳастанд.

Хуршеди Атовулло, муассис ва сардабири “Фараж” тасдиқ кард, ки мутахассисони кумита кори ҳафтаномаро санҷиш карда буданд.

 

Ӯ гуфт, “онҳо эрод гирифтанд, ки дар идораи ҳафтаномаи мо комиссияи татбиқи меъёрҳои забони давлатӣ фаъол нест. Мо зуд чунин гурӯҳро таъсис додем. Эроди дигари кумита ба истифодаи калимаҳои ғайр дар нашрияи мо бидуни аломати нохунак буд. Мо дигар калимаҳои ба забони тоҷикӣ бегонаро бидуни аломати нохунак нашр намекунем.”

«Як навъи фишор ба расонаҳост»

Хуршеди Атовулло иддаои бархе аз соҳибназаронро дар бораи истифодаи Кумитаи забон ва истилоҳот ба унвони фишори изофӣ ба расонаҳо рад кард. Аммо Шаҳло Акобирова, раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, баръакс, бовар дорад, чунин шеваи кори Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон қобили қабул нест.

“Ин амрро метавон як навъи фишор ба расонаҳо номид. Дар ҳоле ки истифодаи калимаҳо аз забонҳои дигар дар расонаҳои ҷаҳон маъмул аст. Дар нашрияҳои Олмон калимаҳои зиёди англисӣ ба чашм мерасад. Магар, олмониҳо ба ин кор мухолифат мекунанд? Не. Дар замони феълӣ як забон имкон надорад ҳамаи мафҳумҳоро дар бар дошта бошад”.Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар гузашта бо чанде аз ширкатҳои мобилӣ ва фурӯшгоҳҳову тарабхонаҳо низ вориди баҳс шуда буд. Кумита иддао дошт, номи таърифаи ширкатҳои мобилӣ ва ё номи тарабхонаҳо ба меъёри забон ҷавобгӯ нест ва бояд иваз карда шавад.Аз ҷумла, чанде пеш Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба ширкати мобилии «Билайн» дастур дода буд, ки номи таърифаҳои «Чақ-чақ» ва «Панҷа парто»-ро иваз кунад. Вале намояндагони ширкатҳо мегӯянд, онҳо ба мардум хидмат мекунанд ва бештар аз калимаҳое истифода мебаранд, ки миёни сокинон роиҷ аст.

Искандари Фирӯз

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *