Кадом даста бори 9-ум метавонад ба “хет-трики тиллоӣ” даст ёбад?

Бори аввал ба чунин натиҷаи таърихӣ дастаи “Селтик”-и Шотландия даст ёфтааст. Дар ин миён бошгоҳи “Барселона” –и Испания ягона тимест, ки ду маротиба “хет-трики тиллоӣ” анҷом додааст.

Дар таърихи футбол ҳашт маротиба бошгоҳҳо “хет-трики тиллоӣ”-ро ба қайд гирифтаанд. Кадом даста бори 9-ум метавонад ба ин натиҷа даст ёбад?

Дар таърих ҳашт маротиба бошгоҳҳо тавонистаанд, ки дар як мавсим се ҷоизаи бонуфузро ба хазинаи дастовардҳояшон ворид кунанд. Бори аввал ба чунин натиҷаи таърихӣ дастаи “Селтик”-и Шотландия даст ёфтааст. Дар ин миён бошгоҳи “Барселона” –и Испания ягона тимест, ки ду маротиба “хет-трики тиллоӣ” анҷом додааст.

1966/67: «Селтик»*

1971/72: «Аякс» 

1987/88: ПСВ

1998/99: «Манчестер Юнайтед»

2008/09: «Барселона»

2009/10: «Интер»

2012/13: «Бавария»

2014/15: «Барселона»

Кадом даста метавонад, ки ин натиҷаро дар мавсими ҷорӣ анҷом диҳад?

«Аякс»

Лигаи чемпионоҳо: даври 1/4 ниҳоӣ муқобили «Ювентус» (10 апрел хона, 16 апрел меҳмонӣ)

Чемпионат: Зинаи 1-ум, баробар бо ПСВ

Ҷом: финал бар зидди «Виллем» 5 ма (Роттердам)

«Барселона»

Лигаи чемпионҳо: Даври 1/4 ниҳоӣ, бар зидди «Манчестер Юнайтед» (10 апрел меҳмонӣ, 16 апрел хона)

Чемпионат: Зинаи 1-ум тафовути имтиёзҳо аз «Атлетико» 11 адад

Ҷом: финал муқобили «Валенсия» 25 ма (Севиля)

«Ливерпул»

Лигаи чемпионҳо: Даври 1/4 ниҳоӣ, бар зидди «Порту» (9 апрел меҳмонӣ, 17 апрел хона)

Чемпионат: Зинаи 1-ум, тафовути имтиёзҳо аз «Манчестер Сити» 2 адад

«Манчестер Сити»

Лигаи чемпионҳо: Даври 1/4 ниҳоӣ, бар зидди «Тоттенхэм» (9 апрел меҳмонӣ, 17 апрел хона)

Чемпионат: Зинаи 2-юм тафовути имтиёзҳо аз «Ливерпул» 2 адад

Ҷом: финал муқобили «Уотфорд» 18 май («Уэмбли»)

Ҷоми лигиа: ғолиб

«Манчестер Юнайтед»

Лигаи чемпионҳо: Даври 1/4 ниҳоӣ, бар зидди «Барселона» (10 апрел хона, 16 апрел меҳмонӣ)

Чемпионат: Зинаи 6-ум тафовути имтиёзҳо аз «Ливерпул» 21 адад

«Порту»

Лигаи чемпионҳо: Даври 1/4 ниҳоӣ, бар зидди «Ливерпул» (9 апрел хона, 17 апрел меҳмонӣ).

Чемпионат: Зинаи 2-юм баробар бо «Бенфика»

Ҷом: финал муқобили «Спортинг» 26 май

«Тоттенхэм»

Лигаи чемпионҳо: Даври 1/4 ниҳоӣ, бар зидди «Манчестер Сити» (9 апрел хона, 17 апрел меҳмонӣ)

Чемпионат: Зинаи 3-юм тафовути имтиёзҳо аз «Ливерпул» 18 адад

«Ювентус»

Лигаи чемпионҳо: Даври 1/4 ниҳоӣ, бар зидди «Аякс» (10 апрел меҳмонӣ, 16 апрел хона)

Чемпионат: Зинаи 1-ум тафовути имтиёзҳо аз «Наполи» 20 адад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *