Кадом минтақа бештар заҳролуд шудааст? Таҳқиқот нишон медиҳад…

Барои гузаронидани таҳқиқот дар мавзеъҳое, ки ифлосиҳои заҳрнок вуҷуд доранд, 13 ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ширкат варзиданд.

Анборҳое, ки дар он захираҳои моддаҳои заҳрнок аз давраи Шӯравӣ  дар вилоятҳои  Хатлон, Суғд ва  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ боқӣ мондааст, муайян ва таҳқиқ шуда, дар мавриди ҷойҳои дафншудаи пеститсидҳои кӯҳна дар ин вилоятҳо корҳои таҳқиқотӣ анҷом дода мешавад.

Бо ҳамин мақсад ва нобуд кардану тоза намудани заминҳо аз пеститсидҳо, санаи 27-уми сентябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» мизи мудаввар дар мавзуи «Чистая земля» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш намояндагон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф”,  директори минтақавии Институти Блэксмити ИМА дар кишварҳои ИДМ ва Муғулистон Петр Шаров ва инчунин намояндагон аз ноҳияҳои Панҷакент, Қубодиён ва ғайра иштирок доштанд.

Ин ҷамъомадро  директори лоиҳавии ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” Улуғов Умед Амонович ҳусни оғоз бахшида, дар бораи тафтиши мавзеъҳои аз моддаҳои зарарнок дар хатар буда ва инчунин доири фаъолияти лоиҳаашон ибрози назар кард.

Ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» якҷоя бо ташкилотҳои шарик: «Арзинг», «Занони шарқ», «Мадад», «Моҳи мунир», «Навзамин», «Роҳнамо», «Руҳавзо», «Рушди диёр», «Сапеда», «Садои кӯҳсор», «Фародис», «Элъер», 85 мавзеъро тафтиш карда, 12 мавзеъи дигар дар ҷараёни тафтишот қарор дорад.

Барои гузаронидани таҳқиқот дар мавзеъҳое, ки ифлосиҳои заҳрнок вуҷуд доранд, 13 ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ширкат варзиданд.

Бояд зикр намуд, ки таҳқиқот дар чунин минтақаҳо гузаронида шуд: Ҳисор, Кӯлоб, Шаҳритуз, Дӯстӣ, Турсунзода, Фархор, Кушониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Шаҳринав, Панҷакент, Данғара, Ховалинг, Восеъ, Носири Хусрав, Панҷ ва Ҷ. Балхӣ. Барои тозакунӣ аз рӯи натиҷаи таҳқиқот, ки аз ҳама ҷойҳои хатарнок эътироф шудаанд, платформа омода карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки пеститсид чунин моддаи химиявиест, ки аз он дар мубориза бо организмҳои барои растаниҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ зарарнок (намудҳои ҷонварҳои хоянда, ҳашарот, микроорганизмҳо, вирусҳо) инчунин алафи бегонаву растаниҳои нолозим истифода мебаранд.

Истифодаи васеъи пеститсидҳо дар мавзеъҳо, бидуни баҳисобгирии хусусиятҳои табииву боду ҳавои онҳо, вайрон кардани қоидаҳои истифодабарии пеститсидҳо, аз ҷумла, риоя накардани чораҳои зарурии бехатарӣ, боиси ба амал омадани мушкилиҳои зиёд: заҳрнокшавии организм, пастравии рангорангии биологӣ, муриши ҳайвоноти ваҳшӣ ва чорво, ҷамъшавии захираҳои химикатҳои кӯҳнаву корношоям, олудашавии хӯроку ғизо бо пеститсидҳо, вайроншавии обҳои нӯшиданӣ.

Паҳншавии химикатҳои заҳрнок аз растаниҳо ба организми инсон ба чунин бемориҳои хуруҷкунанда оварда мерасонад: намудҳои гуногуни саратон, иллатёбии роҳҳои болоии нафасгирӣ, бемориҳои ҷигар ва гурда, зиққи нафас, осебёбии системаи эндокринӣ, дермонии инкишофёбии психомотории кӯдакон, вайроншавии системаи асаб мебошад.

Бахтовар Сафаров

Мумтоз Бозорбоева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *