Кадом ширкатҳои электронии хориҷӣ ба Тоҷикистон андоз месупоранд?

Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 23 ширкати хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон ба хизматрасониҳои электронӣ машғуланд, зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ ба буҷети кишвар андоз аз арзиши иловашуда ворид сохтаанд.

Бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти боби 43-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати андозбандии даромади шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон ба хизматрасониҳои электронӣ машғул мебошанд (ба истилоҳ «андозбандии Google»), дар натиҷаи тадбирҳои мушаххаси Кумитаи андоз то 1-уми августи соли 2022-юм 23 адад ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Google Commerce Limited, Meta Platforms Irland Limited, Apple Distribution International Limited, Netflix International B.V., Amazon Web Services EMEA SARL ва ғайраҳо дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд.

— Ҳамзамон, бо мақсади дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ, анҷом додани корҳои профилактикӣ ва таъмини риояи муқаррароти қонунгузории андоз аз ҷониби ширкатҳои хориҷие, ки тавассути шабакаҳои интернет ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ анҷом медиҳанд, ба суроғаи электронии дигар ширкатҳои хориҷие, ки ба фаъолияти хизматрасонии фосилавӣ машғул мебошанд, мактубҳои дахлдор ирсол карда шуда, онҳо тибқи тартиби муқарраршуда худро дар мақомоти андоз дар шакли электронӣ ба сифати андозсупоранда ба қайди давлатӣ гузошта истодаанд,- гуфтанд дар Кумитаи андоз.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *