Кадрҳои тозатаъин дар ВКД. Ном ба ном
9-уми январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшуда суҳбат намуданд.
Аз ҷумла:
– полковники милитсия Холиқзода Баҳодур Одинахуҷа ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– генерал-майори милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол ба вазифаи Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– полковники милитсия Одиназода Фирӯз Саттор ба вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– полковники милитсия Сатторзода Абдуҷаббор Абдурасул ба вазифаи сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– полковники милитсия Вайсзода Бахтиёр Шарифбег ба вазифаи сардори Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари Давлат ва Меҳмонони олиқадр;
– полковники милитсия Қурбонзода Авазхон Бозор ба вазифаи сардори Муассисаи нақлиётии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– полковники милитсия Мирализода Субҳон Хоҷа ба вазифаи муовини сардори раёсат, ӯ низ сардори Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб;
– полковники милитсия Толеҳзода Азам Толиб ба вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ;
– подполковники милитсия Нуриддинзода Тоҷиддин Наҷмиддин ба вазифаи сардори БММ «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ;
– генерал-майори милитсия Маҳмадзода Алимардон Аҳмад ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ;
– полковники милитсия Саидзода Тоҷиддин Талбак ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб;
– полковники милитсия Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Фархор;
– майори милитсия Фаридуни Маҳмад ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ховалинг;
– подполковники милитсия Икромзода Саидҷаъфар Музафар ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Темурмалик;
– подполковники милитсия Абдусамадзода Суҳроб Абдусамад ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ;
– подполковники милитсия Рамазонзода Мансур ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Ваҳдат;
– подполковники милитсия Абдураҳмонзода Абдукибор Абдулнимон ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ;
– полковники милитсия Раҷабзода Муҳаммадлоиқ Файзалӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Файзобод;
– полковники милитсия Раҳмонзода Хуршед Абдулмаҷид ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ;
– подполковники милитсия Давлатзода Нурзод Шарифбек ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур;
– полковники милитсия Каримӣ Раҳматулло Расулзода ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд;
– полковники милитсия Анварзода Шӯҳрат ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар шаҳри Исфара;
– подполковники милитсия Абдуллозода Исо Абдулло ба вазифаи сардори ШВКД-2 дар шаҳри Исфара;
– подполковники милитсия Аминзода Ҳабибулло Саидмурод ба вазифаи сардори ШВКД оид ба хизматрасонии деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара;
– подполковники милитсия Сулаймонзода Нурулло Раҳматулло ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Б.Ғафуров;
– подполковники милитсия Азиззода Авазхон Зайдулло ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов;
– подполковники милитсия Солизода Умед Баҳриддинхоҷа ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Бӯстон;
– полковники милитсия Тағойзода Давлатшоҳ Тағой ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Зафаробод;
– подполковники милитсия Абдуллозода Бахтиёр Абдулло ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ашт;
– подполковники милитсия Ғаффорзода Абдурауф Абдуҷаббор ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ;
– подполковники милитсия Пирмуҳаммадзода Ғолиб Пирмуҳаммад ба вазифаи сардори ШВКД дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбеи РВКДН;
– полковники милитсия Исмоилзода Зафар Исмоил ба вазифаи сардори ШВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани РВКДН;
– майори милитсия Ҳакимзода Ҷамшед Сайнахш ба вазифаи сардори ШВКД дар нақлиётбудаи вилояти Суғди РВКДН таъин гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ