“Мавҷи Истиқлол” таърифаҳои худро боло бурдааст

Телевизиони ноқилии “Мавҷи Истиқлол”  эълон кардааст, ки таърифаҳои худро аз 1-уми январи имсол ба далели афзоиши арзиши таҷҳизоти техникӣ афзоиш додааст.

 Муштариён аз ин пас барои пайвастшавӣ ба “Мавҷи Истиқлол” бояд маблағи зеринро пардохт кунанд:

 барои 1 телевизор – 30 сомонӣ дар як моҳ (қаблан 25 сомонӣ буд);

барои 2 телевизор – 35 сомонӣ дар як моҳ (қаблан 30 сомонӣ буд);

 Манбаъ гуфтааст, ки арзиши пайвастшавӣ ба “Мавҷи Истиқлол” тағйир наёфта, мисли соли гузашта 110 сомонӣ аст. Гуфта мешавад, тариқи ин телевизиони ноқилӣ муштариён имкони тамошои беш аз 210 шабакаи телевизионии рақамиро доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *