Президентшикор дар таърих
Боздошт ва интиқоли президенти Венесуэла Николас Мадуро ва ҳамсарашро ба ИМА бисёре аз расонаҳои ҷаҳон ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ “одамрабоӣ”, “президентшикор” ва “дуздии президент” арзёбӣ карданд. Ин амалиёти ИМА бисёриҳоро ба ҳайрат овард, ки магар боздошти як раисҷумҳур аз ҷониби нерӯҳои кишвари дигар ва он ҳам аз дафтари кориаш дар пойтахти кишвараш имконпазир аст? Бале, бо вуҷуди он ки ин амал мухолиф ба тамоми меъёрҳои байналмилалӣ аст, дар таърихи муосир (як асри охир) чунин воқеаҳо рӯй додаанд.
Нерӯҳои ИМА дар “шикор”-и ду раисҷумҳур даст доранд:
Мануэл Нориега
– роҳбари Ҷумҳурии Панама
Расо 36 сол пеш, 3-юми январи соли 1990 роҳбари нерӯҳои мудофиаи миллии Панама Мануэл Нориега, ки соли 1983 ин кишварро роҳбарӣ мекард, дар натиҷаи ҳамлаи васеи нерӯҳои ИМА ба Панама сарнагун шуд. Дар амалиёти ҷангие, ки 20-уми декабри соли 1989 оғоз ёфт, беш аз 27 ҳазор низомии амрикоӣ, тақрибан 300 чархболу ҳавопаймо ва зиёда аз 100 танку зиреҳпӯш ширкат доштанд. 3-юми январ Нориега таслим шуд ва ба ИМА интиқол ёфт. Дар он ҷо бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба суд кашида шуд. Апрели соли 1992 додгоҳ ӯро ба 40 соли зиндон маҳкум кард. Баъдтар муҳлати ҳабс кӯтоҳ карда шуд ва соли 2007 ӯ озод гардид.
Жан-Бертран Аристид
– президенти Гаити
Ӯ солҳои 1991-1996 роҳбари Гаити буд ва бори дигар соли 2001 президенти кишвар интихоб гардид. Дар аввали соли 2004 мухолифонаш ӯро ба фасод айбдор карданд ва дар кишвар эътирозҳои зиддиҳукуматӣ оғоз ёфт. Эътирозот боиси таъсиси «Фронти озодии Гаити» гардид, ки дар натиҷа тамоми шаҳрҳои бузурги кишварро зери назорат гирифт. 29-уми феврали соли 2004 Аристид аз ҷониби низомиёни ИМА боздошт шуда, бо ҳавопаймои ҳарбии амрикоӣ ба Ҷумҳурии Африқои Марказӣ интиқол дода шуд. Баъдан Аристид худро «қурбонии табаддулоти давлатӣ ё одамрабоии муосир» номид. Ӯ аввал дар ҶАФ, сипас дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар муҳоҷирати маҷбурӣ қарор дошт. Моҳи марти соли 2011, сарфи назар аз эътирози Вашингтон, ба ватан бозгашт, аммо дар ҳаёти сиёсӣ иштирок накард.
Илова бар ин, дар таърихи муосир ҳолатҳои рабуда шудани сарварони амалкунанда ва собиқи давлатҳо аз ҷониби созмонҳои ифротӣ ва нерӯҳои мухолиф низ ҷой доранд. Чанде аз онҳоро мисол меорем:
Педро Эухенио Арамбуру
– президенти Аргентина
Соли 1970 Педро Эухенио Арамбуру, ки солҳои 1955-1958 роҳбари Аргентина буд, рабуда шуд. 31-уми майи соли 1970 ӯ аз ҷониби гурӯҳи перонистҳои ифротӣ (ки баъдтар бо номи гурӯҳи «Монтонерос» маъруф шуданд) рабуда шуда, 1-уми июн кушта шуд.
Уго Чавес
– президенти Венесуэла
Рабуда шудани президент дар Венесуэла ҳолати нав набудааст. Моҳи апрели соли 2002 дар Венесуэла мухолифон талош карданд президенти кишвар Уго Чавесро, ки солҳои 1999-2013 дар ин мақом буд, барканор кунанд. 12-уми апрел, пас аз он ки Чавес аз имзои санади истеъфо сарпечӣ кард, табаддулотчиёни мусаллаҳ ӯро аз қасри президентӣ рабуда, ба пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии ҷазираи Ла-Орчила дар баҳри Кариб интиқол доданд. Аммо зери фишори ҷонибдорони президент, аллакай 14-уми апрел маҷбур шуданд ӯро раҳо кунанд. Чавес аз таъқиби иштирокчиёни рабуда шудани худ даст кашид.
Мануэл Селайя
– президенти Ҳондурас
Моҳи июни соли 2009 Мануэл Селайя дар натиҷаи табаддулот аз қудрат барканор карда шуд, зеро қасд дошт доир ба лағви манъи бозинтихобшавӣ раъйпурсӣ баргузор намояд. Шаби 28-уми июн, як рӯз пеш аз раъйпурсӣ, парлумон дар бораи барканории сарвари давлат қарор қабул кард. Дар натиҷа бо кумаки низомиён табаддулот анҷом дода шуд, онҳо қасри президентиро муҳосира карданд, Мануэл Селайяро боздошт намуда, бо зӯр ба Коста-Рика интиқол доданд. Соли 2011 Селайя ба ватан баргашт, аммо дигар ба сиёсат машғул нашуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ