Чаро гӯшти маҳаллӣ дар бозор камчину қимат шуд?

Омори расмӣ аз қариб пурра таъмин гардидани аҳолии Тоҷикистон бо гӯшти маҳаллӣ хабар медиҳад. Аммо воқеият дар бозорҳои шаҳри Душанбе чизи дигарро нишон медиҳад. Дар моҳҳои охир гӯшти воридотӣ аз Қазоқистон ва Беларус ба таври назаррас зиёд шудааст. Гӯшти гову гӯсфанди маҳаллӣ ҳам камчин ва ҳам гарон боқӣ мондааст.

Бозор чӣ мегӯяд?

Тибқи мушоҳидаҳо, нархи як кило гӯшти воридотӣ дар бозорҳои Душанбе аз 75 то 85 сомонӣ аст. Дар муқоиса, гӯшти маҳаллӣ бо нархи 100-115 сомонӣ ва дар баъзе марказҳои савдо ҳатто то 200 сомонӣ пешниҳод мешавад. Бо вуҷуди ин, аксари харидорон гӯшти маҳаллиро аз лиҳози сифат ва мазза авлотар медонанд. Вале қиматӣ ва камёфт будани он онҳоро маҷбур мекунад, ки ба гӯшти арзонтар рӯ оранд.

Фурӯшандагон эътироф мекунанд, ки фурӯши гӯшти маҳаллӣ барои онҳо фоидаи кам дорад. Сабаб дар он аст, ки мақомоти давлатӣ нархи расмии як кило гӯшти маҳаллиро 85 сомонӣ муқаррар кардаанд, дар ҳоле ки арзиши воқеии он дар бозор баландтар аст. Дар чунин шароит, бисёре аз фурӯшандагон танҳо гӯшти воридотӣ мефурӯшанд ё тамоман аз фурӯши гӯшти ватанӣ даст мекашанд.

Омор ва ихтилофи он

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар 11 моҳи соли 2025 дар кишвар 375 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст. Аз ин миқдор 42,5 ҳазор тонна гӯшти паранда буда, ҳаҷми умумӣ қариб талаботи солонаи кишварро, ки тақрибан 390 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад, қонеъ месозад. Ба гуфтаи мақомот, воридоти гӯшт то декабри соли 2025 ҳамагӣ 8 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Вале гӯшти фаровони воридотӣ дар бозорҳои пойтахт нишон медиҳад, ки ё қисми зиёди гӯшти маҳаллӣ ба бозор роҳ намеёбад ё омор ба воқеият наздик нест.

Нархгузории маъмурӣ ва паёмадҳои он

Ҳоло яке аз омилҳои асосии камчинии гӯшти маҳаллӣ дар нархгузории маъмурӣ мебошад. Муайян кардани нархи ягона барои маҳсулоте, ки хароҷоти истеҳсолаш афзоиш ёфтааст, фурӯшандаҳо ва истеҳсолкунандаҳоро аз ворид намудани гӯшти маҳаллӣ ба бозор бозмедорад. Дар натиҷа бозор бо гӯшти арзонтари воридотӣ пур мешавад. Иҷозати воридоти гӯшти хориҷӣ, ки ҳадафи он поён бурдани нархи умумии бозор аст, ба таври кӯтоҳмуддат барои истеъмолкунанда фоидаовар менамояд. Аммо дар дарозмуддат ин сиёсат метавонад ба истеҳсолкунандагони маҳаллӣ зарба занад ва  вобастагии бозорро аз маҳсулоти хориҷӣ бештар намояд.

Аз меъёри истеъмол то нигаронии харидорон

Мақомот болоравии нархи гӯштро ба афзоиши талабот ва зиёд шудани ошхонаҳо рабт медиҳанд. Аммо тибқи маълумоти пойгоҳи “Геостатистика”, Тоҷикистон дар соли 2025 миёни кишварҳои ИДМ аз рӯи истеъмоли гӯшт дар ҷойи охирин қарор доштааст. Ҳар сокин дар як сол ба ҳисоби миёна 35,9 килограмм гӯшт истеъмол кардааст, ки аз меъёри расмии 40,8 килограмм камтар аст. Дар муқоиса, дар Қазоқистон, Русия ва Беларус истеъмоли солонаи гӯшт ду баробар зиёд мебошад.

Аммо бисёре аз сокинон аз сифати гӯшти воридотӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ин гӯшт равғани зиёд дошта, маззааш аз гӯшти чорвои маҳаллӣ фарқ мекунад. Бо вуҷуди ин, дар аксар бозорҳо ошкоро гуфта намешавад, ки гӯшт аз кадом кишвар аст. Агар харидори шинос бошад, мефаҳмад, ки гӯшт маҳаллӣ аст ё воридотӣ.

Ҳамин тавр, камчинии гӯшти маҳаллӣ дар бозорҳои Душанбе на аз набудани истеҳсол, балки аз чанд омил – нархгузории маъмурӣ, фоидаи кам барои фурӯшанда, сиёсати воридоти гӯшти арзон ва назорати шадиди бозор аст. Эҳтимол аст, ки дар оянда гӯшти маҳаллӣ боз ҳам бештар ва бозори дохилӣ вобастаи маҳсулоти хориҷӣ гардад. Зеро барои мардум муҳим нархи дастрас аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *