KFC аввалин филиали худро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ кард
Дар маркази шаҳри Хуҷанд нахустин филиали тарабхонаи амрикоии зудхизматрасони KFC расман ифтитоҳ гардид.
Маросими расмии кушодашавӣ бо иштироки муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.
Ҷамшед Набизода аз номи раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ифтитоҳи филиали KFC-ро дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ табрик гуфта, ба масъулини ин тарҳ барои фаъолият муваффақият таманно намуд.

Бино ба иттилои масъулон, тарабхона дар масоҳати 500 метри мураббаъ сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст. Он бо таҷҳизоти муосир ва стандарти ҷаҳонӣ фаъолият мекунад.
Пас аз ба истифода додани иншоот, 120 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, дар як вақт то 350 нафар мизоҷ метавонанд аз хидматҳои тарабхона истифода баранд.
Тавре зикр гардид, ин аввалин филиали тарабхонаи брендии KFC дар шаҳри Хуҷанд буда, қаблан 10 филиал дар шаҳри Душанбе ва 1 филиал дар шаҳри Ваҳдат ба фаъолият оғоз карда буданд.
Дар тарабхона хӯрокҳои зудтайёр аз гӯшти мурғи истеҳсоли ватанӣ пешниҳод мегарданд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар тамоми ҷаҳон бо таъм ва сифат шинохта шудаанд.
Ифтитоҳи KFC дар Хуҷанд як қадами муҳим дар рушди инфрасохтори хӯрокхӯрии оммавӣ, фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ ба ҳисоб меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ