КҲФ: Ҷасади дарёфтшуда ба мушовири раиси ВМКБ тааллуқ дорад, ҷустуҷӯи Алишер Мирзонабот идома дорад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ҷасаде, ки рӯзи 26 июн аз дарёи Панҷ пайдо шуд, ба раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот не, балки ба мушовири ӯ Садоншо Ҷанобалишо тааллуқ дорад.
Дар КҲФ гуфтанд, шахсияти ҷасад пас аз анҷоми ташхиси судию тиббӣ муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, дирӯз Ориф Нозимиён, сухангӯи КҲФ, хабар дода буд, ки ҷасад тақрибан 20 километр поёнтар аз маҳалли ҳодиса пайдо шуда, наздикони Алишер Мирзонабот онро иштибоҳан ҳамчун ҷасади раиси вилоят шинохта будаанд.
Як рӯз пеш аз он, дар ҳамин минтақа ҷасади ронандаи раиси ВМКБ Сино Муборакшоев низ пайдо шуда буд.
Рӯзи 17 июн мошини хидматии Алишер Мирзонабот, ки ҳамсар, духтари хурдсол, мушовир ва ронандааш низ дар он буданд, дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд.
Ҳоло беш аз 10 рӯз мешавад, ки наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯи Алишер Мирзонабот, ҳамсар ва духтари ӯро идома медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ