Коҳиши талок дар Хатлон

Соли 2025 дар вилояти Хатлон беш аз 1 ҳазору 950 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ сабт шудааст. Талоқ назар ба соли 2024 коҳиш ёфтааст.

Раҳмон Гулчеҳра Қурбоналӣ, сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ афзуд, ки соли 2025 нисбат ба соли гузашта 167 ҳолати бекоркунии ақди никоҳ кам шудааст.

 Ба таъкиди вай, соли 2025-ум дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зиёда аз 24 ҳазору 290 ҳолати сабти ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.

“Мутаассифона, баъди бекор кардани 1 ҳазору 950 ақди никоҳ беш аз 1 ҳазор 530 кӯдак аз тарбияи якҷояи падару модар маҳрум мондаанд”,-изҳор дошт номбурда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *