«Комиссар Катани» 75 сола шуд
Вақте,ки ӯ аз люки танк сарашро бардошта ба берун нигарист, мардум “Комиссар Катани” –ро шинохта бо шодӣ ба тарафи ӯ давиданд ва ин саҳнаро ҳануз насли калонсоли сокинони Душанбе дар ёд доранд.
Ҳунарманди маъруфи итолиёӣ Микеле Плачидо ,ки ӯро дар аксар кишварҳо то ҳол чун “Комиисар Катани” мешиносанд,19 майи соли 1946 дар шаҳри Асколи Сатрианои Италия таваллуд шудааст. Пас аз хидмат дар артиш Плачидо ба пулиси Рим ба кор даромад. Аммо чун театрро дуст медошт, ба Академияи санъати драмавӣ дохил шуд. Ӯнақши аввалини худро соли 1969 дар саҳна бозид. Аз соли 1972 ба нақшофарӣ дар филмҳо оғоз кард. Вай пас аз нақши Комиссар Коррадо Каттани дар сериали телевизионии «Ҳаштпо» (“Спрут”), шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Сериали «Ҳаштпо» дар СССР хеле маълуму машҳур буд.Аз ин рӯ дар Тоҷикистон низ Плачидоро чун комиссари пулис ,ки бо мафия муборизаи беамон мебурд, ҳанӯз то соли 1990 хуб мешинохтанд. Соли 1990 вақте,ки Микеле Плачидо дар филми Владимир Бортко “Шикасти афғонӣ” (“Афганский излом”)нақши десантчии шӯравӣ майор Михаил Бандуруро мебозид, барои ба навор гирифтани чанд саҳнаи ин филм ба Тоҷикистон омад.Зеро режиссёри филм мехост,ки саҳнаҳои ҷанги Афғонистонро бо истифода аз декоратсияи табиӣ дар кишвари мо ба навор гирад. Он замон (моҳи феврали соли 1990) дар Тоҷикистон ҳодисаҳои мудҳише,ба амал омада буданд. Мардум ба куча баромада ,ба зидди сиёсати ҳукумати вақт намоиш ташкил намуданд ва ин намоиш,ки аз ҷониби қувваҳои шуравӣ пароканда карда шуд, қурбонӣ ҳам дошт ва дар таърихи кишвар бо номи “Баҳманмоҳи хунин” сабт гардидааст. Вақте,ки Плачидо ба Душанбе омад, саҳнаи ҳақиқии ҷангро дид. Ба хотири амнияти вай, ҳунармандро ба танк савор карда, то фурудгоҳ бурданд.Вақте,ки ӯ аз люки танк сарашро бардошта ба берун нигарист, мардум “Комиссар Катани” –ро шинохта бо шодӣ ба тарафи ӯ давиданд ва ин саҳнаро ҳануз насли калонсоли сокинони Душанбе дар ёд доранд.Он соат дигар гӯё ягон хел муноқиаша набуд ва байни ҳунарманд ва сокинон як вохӯрии кутоҳе барпо шуд.Минбаъд Плачидо ин лаҳзаҳоро борҳо ба ёд овардааст.
Плачидо се бор оиладор шудааст. Зани дуюмаш ҳунарпеша Симонетта Стефанелли буд,ки соли 1994 аз ӯ ҷудо шудааст. Зани сеюми ҳунарманд ҳунарпеша Федерика Винсенти мебошад. Плачидо аз се зан панҷ фарзанд дорад ва ҳоло дар Рим зиндагӣ мекунад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ