Рӯдакӣ: 105 ҳазор сомониро гирифту 34 ҳазор баргардонид

Як сокини 30-солаи ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли гузашта бо роҳи фиред аз ӯ 105 ҳазор сомонӣ гирифтаанду то ҳол 34 ҳазорашро баргардонидаанд.

Ба иттилои ВКД соли 2020 марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариии сокини 30-солаи ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 105 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки 0,16-га қитъаи замини назди ҳавлигӣ аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Зайнабобод гирифта, ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо то ҳол бо ҳар баҳона заминро ҳуҷҷатгузорӣ накарда 34 ҳазор сомониро баргардонида, боқимонда 71 ҳазор сомониашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *