Комроншоҳ бо биринҷ қаноат кард

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони машҳури тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Нови-Сади Сербистон ҷараён дорад, медали биринҷӣ гирифт.

Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар ду қувваозмоӣ пирӯз шуда, як қувваозмоиро бохт. Паҳлавони тоҷик аввал рақибаш Шокирӣ Ал-Ҳаюниро аз Марокаш бо усули “болевой” ё “дард додани даст” шикаст дод. Вале баъдан аз қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон Сергей Рябов аз Русия бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт.

Сипас, Комроншоҳ барои ҷойи севум ба Ярослав Давядчук аз Украина бо ҳисоби бузурги 6:0 дастболо шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Барои медали тилло Сергей Рябов бо Неъмат Ёқубови узбекистонӣ мубориза мебарад.

Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни бузургсолон солҳои қаблӣ низ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳои биринҷӣ гаштааст, вале ба ӯ гирифтани медали тилло муяссар нашудааст.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон боз ду паҳлавони маъруф – Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило ва Хушқадам Хусравов дар вазни то 62 кило — намояндагӣ хоҳанд кард. Акмалиддин рӯзи шанбеи 7-уми ноябр ва Хушқадам рӯзи якшанбеи 8-уми ноябр вориди рақобат мешаванд.

Инчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасон дар Сербиcтон Тоҷикистонро Самеъҷон Абдушукуров дар вазни то 87 кило муаррифӣ мекунад. Ӯ рӯзи шанбеи 7-уми ноябр ба сабқат мепардозад.

«Албатта, гуштигирони мо пазмони чунин мусобиқот буданд. Онҳо ҳамасола дар чемпионати ҷаҳон ҳам миёни калонсолон ва ҳам байни ҷавонону наврасон иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо шудаанд. Баъди 42 соли пирӯзии паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар чемпионати ҷаҳон, Беҳрӯзи Хоҷазода соли 2017 унвони қаҳрамониро ба даст овард. Соли 2018 Хушқадам Хусравов ҳам қаҳрамони ҷаҳон гардид», — гуфтааст Маҳмуд Абдуллоев, котиби генералии Федератсияи самбои Тоҷикистон

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон, ки дар Сербистон ҳамроҳ бо қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон сурат гирифтааст, ҳудуди 400 варзишгар аз наздики 30 кишвар ширкат дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *