Конфронс дар Академияи илмҳо

Сани 4 ноябр дар  Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати устодони Донишгоҳи Айоваи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муҳаққиқи ҳинду Пракаш Пранав семинари илмӣ–пажуҳишӣ дар мавзӯи “Истифода аз равишҳои муосири илмӣ дар таҳқиқи адабиёти форсӣ (дар мисоли рӯзгор ва осори Ҳасани Деҳлавӣ)” конфронс баргузор гашт.

Дар ибтидо Шодимуҳаммад Сӯфизода директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонон ва ширкаткунандагони семинарро шодбош гуфта, таъкид кард, ки дар семинари мазкур бо равишҳои нави таҳқиқоти илмӣ ва ҷаҳонбинии илмии муҳаққиқони Аврупо гуфтумон хоҳем кард.

Тавре Шервони Умриддин котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод,  Пракаш Пранав диққати ширкаткунандагони семинарро ба ду мавзуъ, яке равишҳои муосири таҳқиқ дар соҳаи адабиёшниосӣ ва дигар ба мавзӯи таҳқиқоти илмии худаш-Ҳасани Деҳлавӣ ҷалб кард.

Ӯ зимни баёни ин ки вусъати таҳқиқ ва равишҳои муосир дар ҷаҳони Аврупо дар заминаи адабиётшиносӣ густариш ёфтааст, нукоти арзишмандеро доир ба равиши таҳқиқи осори адабӣ ироъа кард. Ба андешаи ӯ, ҳоло дар ҷаҳони ғарб тибқи равишҳои муосири таҳқиқи илмӣ осори адабӣ бар мабнои улуми зистшиносӣ, равоншиносӣ, фалсафа ва ғайра таҳқиқ мешавад. Гуфта шуд, ки барои таҳқиқи таъсири муҳити фарҳангӣ бар эҷодиёти як шоир ё нависанда як мутолиъоти зистшиносӣ, равоншиносӣ, фарҳангишносӣ дар ҳамон минтақа анҷом дода шавад, то осор ва ашъори шоири мавриди назар дуруст ва дақиқ таҳқиқ шавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *