Конфронси хизматрасонии молиявӣ коршиносонро ба ҳам гирд овард

Дар  Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат таҳти унвони «Рушди хизматрасониҳои молиявӣ дар шароити ҳамгироии хоҷагии ҷаҳонӣ» Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Дар кори конфронс, ки 31 март доир гашт,  олимону муҳаққиқон ва коршиносони варзидаи мамлакат-Раҳимзода Ш., Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Сайисмонов Р.С., муовини Раиси  Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, Ҷӯраев Б.М., сардори шуъбаи танзими асъори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, Шарипов Б.М., роҳбари Маркази таълимии «Агроинвестбонк» ва дигарон иштирок ва суханронӣ карданд.

Кори ҷаласаи пленарии конфронсро ректори донишкада, профессор Қодирзода Диловар Баҳридин ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва ҳозиринро барои иштирокашон дар ин чорабинии муҳими илмӣ хайрамақдам ва изҳори миннатдорӣ намуд. Қодирзода Д.Б. иброз дошт, ки масъалаи таҳкими пайвастаи хизматрасониҳои молиявӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ дар шароити ҳамгироии хоҷагии ҷаҳонӣ аз муҳимтаринҳо буда, коркарди механизмҳо ва технологияҳои инноватсионӣ дар ин самт баҳсҳои доманадори илмиро талаб менамояд. Ҳамоиши илмии имрӯза, ки бо ташаббуси раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо ҷалби ҷамъи олимону муҳаққиқон ва коршиносон доир мегардад, қадами муҳиме дар самти рушди минбаъдаи хизматрасониҳои молиявӣ дар шароити ҳамгироии хоҷагии ҷаҳонӣ хоҳад буд.

Дар идомаи кори ҷаласаи пленарӣ олимон-Раҳимзода Ш., Сайисмонов Р.С., Ҷӯраев Б.М., Шарипов Б.М. атрофи масоили муаммоҳои рушди хизматрасонии молиявӣ дар шароити ҳамгироии иқтисодии ҷаҳонӣ, дурнамои рушди низоми бонкӣ дар шароити ҳамгироии иқтисодии ҷаҳонӣ, батанзимдарории муносибатҳои асъорӣ ҳамчун омили рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, воситаҳои муосири сиёсати молиявию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ва амсоли инҳо баҳсҳои доманадори  илмӣ доир намуданд.

Тавсияҳои пешниҳоднамудаи иштирокдорони конфронс ба сохторхои марбутаи мамлакат пешниҳод хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *