Конибодом: “Мори даруни остин” баъди 10 сол берун баромад

-Наимро хушдоманам мисли фарзанди худ қабул карда, хӯронид, пӯшонид, доим ба дасташ ҷарақ-ҷарақ пул дод, нохунаш сих задан  давон ба назди духтур бурд,  аммо ин мори даруни остин 10 сол пеш ба сари оилаи мо  балое овард, ки  то ҳол даҳшати он манзара  аз пеши  назарамон дур нарафтааст.

Ин ҷавони курнамак бо вуҷуди дар хонаи мо аз ягон чиз танқисӣ накашидан, ба қавле “гул хӯрдану гул пӯшидан” Рухшонаро ғӯрамарг кард, хонаро ошташ зад, 2 кг тилло дуздид ва муҳити хонаводаи моро ба ғамхона табдил дод.  Ин ҳодисаи нохуш 21-уми декабри соли 2007, тахминан соати 12:00-дақиқа рух дода бошад ҳам,  30-юми сентябри соли 2017 ошкор шуд. Барои мо дардовараш дузди тиллоҳо ё оташ задани хона не, балки марги маҷбурии Рухшонаи  ноболиғ ва  “худӣ ” будани дузду қотил аст-мегӯяд янгаи Рухшона- Фариза Раҳматова…

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи  “Оила” мутолиа намоед…                

                                                                                                                                               Фарзона Муродӣ  

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *