Конибодом: Қотил пас аз 10 сол дастгир шуд

Дар Конибодом куштори як духтари он замон 14-соларо баъди 10 сол ошкор кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, як сокини он вақт 21-ссолаи Конибодом шаби 21 декабри соли 2007 ба нияти дуздӣ вориди манзиле дар кӯчаи Рӯдакӣ шуда, аз сабаби бохабар шудани духтари соҳибхона, ӯро бо калтак кӯфта ва сипас буғӣ кардааст.

30-юми сентябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 нафар марди 31-солаи сокини шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуданд.

Номбурдагон, 21-уми декабри соли 2007, тахминан соати 12:00-дақиқа бо мақсади дуздӣ вориди манзили истиқоматии марди 56-солаи сокини кӯчаи Рӯдакии шаҳри Конибодом шуда, аз сабаби бохабар шудани духтари соҳибхона ноболиғ, (соли таваллудаш 1993), он вақт хонандаи синфи 8-уми мактаби миёна, ӯро бо чӯбдаст лату кӯб намуда, сипас, бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонидаанд.

Баъдан, номбурдагон, барои пинҳон намудани кирдорҳои ҷинояткоронаашон, ҷасади духтараки ноболиғро ба ҳуҷраи хонаи истиқоматиашон дароварда, бо сӯзишвории бензин оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 104 қисми 2, 32 қисми 3, 244 қисми 4 ва 255 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *