Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ баста шудааст
Ҳукумати Толибон* консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро баста аст.
Дар ин бора рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и Кобул бо такя ба як манбааш дар Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳукумати Толибон* ҳамчунин консули худ Накибуллоҳ Деҳқонзодаро аз вазифааш сабукдӯш кардааст. Деҳқонзода пас аз суқути ҳукумати пешини Афғонистон эълон карда буд, ки ниҳоди онҳо зери ҳокимияти Толибон* кор мекунад.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари баста шудани консулгарии Афғонистонро дар Хоруғ на тасдиқ карданд ва на рад, танҳо гуфтанд, ки “ин тасмими ҳар кишвар аст”, навиштааст Радиои Озодӣ.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эълон шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ