Корвони мошинҳои пурбори кумак ба Исфара расид (аудио)

Корвони мошинҳои пурбори ғизо аз Душанбе ба Исфара расид.

Гуфта мешавад, ки бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарар дидаанд ва аъзои оилаҳои қурбониён аз пойтахт корвони пурбори мошинҳо иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кумакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ворид гардидааст.

Возможно, это изображение дорога

“Кумаки навбатии башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маводи хурока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, фанер ва гипсокартон 1500 метри мураббаъ, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар иборат аст”,- итттилоъ дод хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Кумаки зикршуда асосан оилаҳои сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро фаро гирифта мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.