Косатарош соҳиби мактаб мешавад!

Дар шумораи гузаштаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мақолаи банда таҳти унвони “Мактаб дар Қабристон. Деҳаи Косатарош кай соҳиби бинои мактаб мешавад?” чоп шуда буд. Хушбахтона, ин мақола аз ҷониби раиси шаҳри Панҷакент зуд вокуниш пайдо кард.

Рӯзи ҳаштуми сентябр, дар арафаи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, роҳбарони корхонаву идораҳо ва корхонаи муштараки «Зарафшон» дар деҳаи Косатароши нав ба сохтмони мактаб санги асос гузошта шуд.

Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода нахуст ҳозиринро ба Рӯзи Истиқлолияти Ватан муборакбод намуд ва оид ба даъвати тирамоҳӣ бо аҳли деҳа суҳбат кард.

Зикр гардид, ки ҷавонони деҳа ҳамасола бо хоҳиши худ ба хизмат мераванд ва то ҳол ягон нафар фарзанди деҳа шомили ҳизбу ҳаракате нагардидааст.

Азизҷон Бобомирзоев аз номи аҳли деҳа меҳмононро ба ид муборакбод намуд ва барои ташрифашон ба деҳа изҳори сипос намуд.

Дар ин рӯзи муборак ҷавонони деҳа маърака оростанд ва ҳокими шаҳр дар якҷоягӣ бо мардум дар маърака ширкат варзид.

Суруду таронаҳои Воҷиби Собир ба аҳли маърака руҳияи идона бахшид.

Ҷашни Истиқлолият имсол ба мо туҳфаи беҳтаринро эҳдо намуд. Умед аст, ки сохтмони мактаб дар вақти таъйиншуда ба анҷом мерасад ва соли оянда хонандагонро ба оғӯш хоҳад гирифт.

Исмоил ЗАРИФӢ,

рӯзноманигор

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.