Криштиану: « Ман  гей ҳастам, вале хеле сарватманд» (Видео)

Эътирофи  футболбози португалӣ Криштиану Роналдо дар мавриди тамоюли ҳамҷинсгароӣ доштанаш ҳамагонро дар ҳайрат гузошт. Муноқишаи  ҳамлагари дастаи «Реал»- и  Мадрид Роналдо ба нимҳимоягари дастаи рақиб Коке дар меҳмонӣ ба вуқӯъ омада, анқариб ба занозанӣ расида буд, вале довар

и майдон дар вақташ пеши роҳи онро гирифт. Маҳз дар ҳамин ҷо, чуноне ки радиостансияи СОРЕ хабар додаст, Роналдо ба ҳамкасбони худ гуфтааст, ки «Коке маро гей гуфт ва ман дар ҷавоб гуфтам,ки дуруст мегӯӣ. Ман гей ҳастам, вале хеле сарватмандам, аммо ту бошӣ як аблаҳӣ».

Ин хабар ҳамзамон барқвор дар тамоми сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн гашт. Ақидаи истифодабарандагони ин сомонаҳо гуногунанд . Бисёриҳо бар он назаранд,ки ин овозаҳо беасос нестанд. Бархи дигаре баръакс.

(Муфассал дар бораи  ин эътирофи ҳайратовари Криштану дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мехонед).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *