Кӯмаки мардуми Рашт ба Кӯлоб
Аз ҷониби сокинони ноҳияҳои минтақаи Рашт ба зарардидагон аз офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб маҳсулоти хӯрокворӣ ва сохтмонӣ дастрас гардид.
“Чунин иқдоми ҳамватанон нишонаи ҳамбастагӣ ва якдилии мардум аст, ки дар мушкилтарин лаҳзаҳо паҳлуи ҳамдигар қарор мегиранд”,-иттилоъ доданд аз мақомоти ноҳияи Рашт.



Гуфта мешавад, ки имрӯз аксар аз шаҳрвандони баору номуси кишвар фоҷиаи дар шаҳри Кӯлоб рухдода – офати табииро, ки бар асари обхезӣ даҳҳо хонаҳо тахрибу се нафар ба ҳалокат расиданд, дарду доғи худ шумурда, паҳлуи ин мардум қарор доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ