Кушторе, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ оғоз бахшид

5-уми майи соли 1992 рӯзноманигор, олим, вакили Шӯрои Олӣ, асосгузор ва аввалин сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Муродуллоҳ Шерализодаро ба қатл расониданд. Аз он рӯз 30 сол сипарӣ шуд. Қатли ӯ оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва кӯшиши саркӯб кардани озодии баён буд.

Қаҳҳор МАҲКАМОВ, аввалин президенти Тоҷикистон:

— Як лаҳзаи соли 1992, баъди ба истеъфо рафтанам ҳеҷ аз хотирам намеравад. Дар ширкате ба сифати ёрдамчии раис кор мекардам. 16-уми апрел, рӯзи таваллудам буд. Якбора ба наздам Муродуллоҳ даромада омад ва маро ба рӯзи таваллудам табрик гуфт. Дар ҳамон сол ман ба синни 60 расида будам, аммо ба хотири ҳеҷ касе ин сана нарасида буд. Муродуллоҳ ягона касе буд, ки сана дар хотираш мондааст. Инсони бисёр қадрдон ва масъулиятшинос буд. Ба дурӯягон, ки хоси қисме аз депутатҳо буд ва мухолифони давлат нафрат дошт. То рӯзи марг дар мавқеи давлат содиқ монд. Оппозитсияро бад медид ва билохира оппозитсия ӯро кушт…

Холмурод ШАРИФОВ, арбоби давлативу ҷамъиятӣ, адиб:

— Муродуллоҳ хулқи ширин, фазилати баланд, тамизу одоби ҳамида дошт, дар гуфтору рафтор покиза ва ҳама нишонаҳои ҷавонмардиро доро буд. Ақидаҳои зишти маҳалгароӣ, худписандӣ, бадлафзӣ, ғаразпарастӣ барои вай бегона буданд. Ӯро мардуми ҳама вилоятҳо, ноҳияҳо ҷаззобона мепазируфтанд, иззаташ менамуданд ва Муродуллоҳ ҳам онҳоро фарзандвор, бародарвор дӯст медошт, ба хизматашон мерасид.

Бахтиёри МУРТАЗО, Нависандаи халқии Тоҷикистон:

— Дар душвортарин лаҳзаҳо ман Муродуллоҳ Шерализодаро чун одами қавируҳ, дорои инсонияти баланд дидаам. Дар вазифаҳои гуногун — аз ходими рӯзномаи “Маориф ва маданият” то тарҷумони муассисаи истихроҷи нафту газ дар кишвари Афғонистон, корманди масъули Кумитаи марказии Ҳизби коммунист, ба таври алтернативӣ сармуҳаррири аввалини рӯзномаи “Садои мардум” интихоб гардидани дӯсти донишманд ва фозили худро мушоҳида кардаам. Дар шодию сахтиҳо, барору нобаробариҳо, хулоса, дар вазъиятҳои мухталиф санҷидаам. Бародари бузургворам дар ҳама ҳолат симои инсонии худро нигоҳ дошта метавонист…

Мардони МУҲАММАД, журналист:

— Як ҳодисаи ногуворе, ки ба банда низ рабт мегирифт ва то ба ҳол бароям ёдоварӣ аз он азиятовар аст, чанд рӯзе қабл аз марги нобаҳангоми Муродуллоҳ Шерализода рух дод. Авоили моҳи майи соли 1992 буд. Дар майдонҳои “Шаҳидон” ва “Озодӣ” тарафдорони мухолифону давлати Тоҷикистон гирдиҳам омада буданд. Чун “Садои мардум” нашрияи давлатӣ буд, бештар аз ҷараёни тазоҳуроти майдони “Озодӣ” гузоришҳо пахш мекард. Гуруҳи ба истилоҳ “инқилобӣ”-и кормандони “Садои мардум” ба нишони норизоятӣ аз чунин мавзеъгирии нашрия номаи эътирозе иншо карда ва бо имзоҳои дастаҷамъӣ онро дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мунташир карданд. Он замон ин нашрия аз мунаққидони давлати Раҳмон Набиев маҳсуб шуда ва ба таври муназзам аз “обу ҳаво”-и майдони “Шаҳидон” хабару мақолот чоп мекард. Яъне, навъи минбари мухолифони исломию демократ ба ҳисоб мерафт. Ин иқдоми гуруҳи “инқилобӣ” Муродуллоҳ Шерализодаро сахт озурда кард. Воқеан чунин зарбаро аз дохили идораи “Садои мардум” интизор надошт. Ҳоло бо гузашти солҳо ба чунин натиҷа расидам, ки амал шитобкорона ва носанҷида буд. Имкон дошт, ин мушкил дар ҷаласаи идораи рӯзномаи “Садои мардум” матраҳ шуда ва ихтилофи назарҳои дохили идора шуҳраи шаҳр намешуд. Ё ба қавле “сирри хона ба кӯча намебаромад”.

Муродуллоҳ Шерализода дар баробари ин амали нохуб, носавоб аз худ хештандорӣ нишон дода, ба ҳеҷ кадоме аз аъзои гуруҳи “инқилобӣ” сухани носазо нагуфт. Афзун бар ин, дар рӯзи матбуот дар санаи 5-уми май барои ҳамаи кормандони рӯзномаи “Садои мардум” мукофотпулӣ таъйин кард…

Шариф ҲАМДАМПУР, публитсист:

— Соати 10 бояд ҷаласаи Шӯрои Олӣ баргузор мегашт. Вале қисме аз депутатҳо наомаданд. Дар майдон буданд. Ҷаласа аввал ба соати 11, баъд 12-у 14, оқибат ба 15 гузаронида шуд. Боз ҳам депутатҳое, ки ба гузаронидани ҷаласа манфиатдор набуданд, наомаданд. Кворум нашуд. Як вақт Муродуллоҳ Шерализода башаст ба минбар баромаданд. Депутатҳоеро, ки аз дастархони давлат нон хӯрда, онро пеши пой мезананд, зери тозиёнаи танқид гирифтанд. Ном ба ном. Мошини давлатсавории занҳояшонро ҳам гуфтанд. Ҳама хомӯш буданд. Ба гапи ҳақ чӣ ҳам мегуфтанд? Касе интизор набуд, ки як шахси дурандеши хирадманди сиёсатмадор ба ин тундӣ ҳарф мезанад. Боз ҷаласа мавқуф гузошта шуд. Депутатҳо саҳни ҳавлӣ баромаданд. Ман ба идораи рӯзнома баргаштам. Баъд аз соате Муродуллоҳ Шерализода телефон карданд, ки ба ситод, манзили сеюм оям, супорише доранд. Он вақт ман ба ҳайси муовини сармуҳаррири “Садои мардум” кор мекардам. Ҳамон лаҳза чанд нафар маҷруҳонеро оварданд, ки аз майдони “Озодӣ” ҷониби Кӯлоб равон буданду дар хамгашти Оли Совет мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Майдони “Озодӣ” аз ин бархӯрд ба шӯр омада буд. Дар штаб ду нафар буданд. Муродуллоҳ Шерализода ва Рашид Олимов. Ба Шерализода ҳамсарашон занг зад. Рашид Олимов берун рафт. Ман бо баҳонаи “бубинам, дар майдон чӣ гап” ба долонча баромадам. Даме ки дохили утоқ шудам, он кас аллакай набуданд. Касе ба саҳни ҳавлӣ, назди депутатҳо даъват карда буд. Гумон кардам супориши оҷил доранд. Мунтазир шудам, аммо он тӯл накашид. Тахминан баъд аз понздаҳ дақиқа, соатҳои 5:20 буд, ки Рашид Олимов вориди утоқ шуд:

— Муродуллоҳро парронданд,- гуфт.

Лаҳзае шах шудам. Баъд берун, саҳни ҳавлӣ тохтам. Ҷасади он кас зери дарахти даромадгоҳи ақиби Маҷлиси Олӣ мехобид. Ҷасадро ҷунбонидан намонданд. Муовини прокурори шаҳр Қилич Қурбонов бо як нафар муфаттиши ҷавон ба ҷои ҳодиса омаданд. Ҳуҷҷат тартиб дод. Ҳамин дам садои тирпарронӣ шуруъ шуд. Гуруҳе ба дохили бино гурехтанд, гуруҳе худро ба замин партофтанд. Лаҳзае баъд дар саҳни ҳавлӣ касе намонд. Ҳама аз паси тирезаҳо тамошо доштанд. Роҳро аз чанд ҷой бурида, барикада карда буданд. Ҳатто, касе берун наомад, ки барои ба паногоҳ бурдани ҷасад ёрӣ расонад. Ба вазири тандурустӣ Иномов, ки риштаи дӯстӣ бо марҳум дошт, занг зада, хоҳиш намудам, ки мошини ёрии таъҷилӣ фиристад. Баъди соате мошини ёрии таъҷилӣ бо мушкилот аз барикада гузашта, вориди саҳни ҳавлии Маҷлиси Олӣ шуд. Бо кумаки аксаре ҷасадро ба мошин бор кардам. Дар кӯча тир ҳуштак мекашид. Посе аз шаб гузашта буд. Дар чорроҳаи Хонаи матбуот мошин таваққуф кард:

— Куҷо барам?,- пурсид ронанда.

Ман намедонистам куҷо барам. Ҳамсарашон ҳомиладор буд. Тарсидам, ки осебе нарасад. Ба сарам андешаи морг бурдан омад.

— Қараболо, морг,- гуфтам ба ронанда…

Оромгоҳи Муродуллоҳ Шерализода дар деҳаи Кулолии шаҳри Паҷакент

Ҳолномаи мухтасар:

Муродуллоҳ Шерализода соли 1945 таваллуд шудааст. Хатмкардаи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко. Дар вазифаҳои ходими адабии редаксияи рӯзномаи «Маориф ва маданият» (1966), ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии сектори тарҷумаи Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон — филиали Институти марксизм — ленинизми назди КМ КПСС (1966-1970) кор кардааст. Солҳои 1970-1974 ва 1978-1982 дар шаҳрҳои Мазори Шариф ва Кобули Ҷумҳурии Афғонистон ба сифати тарҷумон фаъолият дошт. Солҳои 1974-1978 ва 1982-1987 ходими калони илмии Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон буд. Солҳои 1987-1988 инструктори шуъбаи муносибатҳои хориҷии КМ, баъдан (1988-1990) ба ҳайси ёрдамчии Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон ифои вазифа намуд. 5-уми октябри соли 1990 бо Қарори Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» — органи Совети Олии ҶШС Тоҷикистон таъйин гардид. 5-уми майи соли 1992 шаҳиди роҳи озодӣ шуд.

Аз Муродуллоҳ Шерализода дӯстон, ҳамкасбон ва шогирдонаш ҳамеша ба некӣ ёд мекунанд ва ӯро нафаре муаррифӣ менамоянд, ки пайваста барои ободии ватанаш талош мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *