Куштори бераҳмона дар кумитаи идораи замин (аксҳо + аудио)

Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” сабтҳои видеоии мудҳишеро аз макони қатли ду зани фаррош дар кумитаи замини ноҳияи Деваштич нашр кард. Гуфта мешавад, дар асоси натиҷаҳои тафтишоти пешакӣ, корманди ин кумита Сабоҳиддин Мунавварзода ду зани фаррошро барои тасодуфан шоҳиди сиёҳкориҳои ӯ шуданашон бераҳмона ба қатл расонидааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар ин барнома гуфт, қатли ин ду зан фазои носолими корӣ ва рақобатҳои гуруҳӣ дар кумитаи замини ноҳияи Деваштичро рӯи об баровард.

Акбар Шарифӣ куштори ин ду зан дар таърихи 17 июли соли 2022-ро пурсарусадотарин ҳодисаи рӯзҳои охир нафақат барои Деваштич, балки барои вилояту ҷумҳурӣ номид ва гуфт, сару садои атрофи он мардумро ба таҳлукаи зиёд овард.

Ду сокини ҷамоати Ғазантарак Фозилова Мӯниса Раҳимовна, соли таваллудаш 1966 ва ҳамсари бародари ӯ Зокирова Умеда Қосимовна, соли тааллудаш 1977, вақте кушта шуданд, ки рӯзи якшанбе барои тоза кардани бинои кумитаи замин омадаанд. Аввалин шуда аз кушта шудани онҳо посбони кумитаи замин Раҷаббой Олимов хабар ёфта, ба милитсия занг задааст.

Тавре ки Раҷаббой Олимов гуфт, вақте аз зинапояҳо баланд мешуд, ҷасади пур аз хунро дид, ки дар роҳрави қабати дуюми бино зери қолин пинҳон карда буданд. Ӯ гуфт, ҷасади дуюмро ҳанӯз надида, бо шитоб ба милитсия занг задааст. Ӯ гуфт, ба ҷуз аз дидани ҷасад ҳамчун бӯи сӯхторро ба машомаш мерасид.

Акбар Шарифӣ гуфт, дар натиҷаи тафтиш муайян карда шуд, ки фазои носолими корӣ дар кумитаи идораи замин заминаро барои чунин оқибати фоҷиабор гузоштааст ва ду зани кушташуда қурбонии тасодуфӣ будаанд.  Тавре маълум шуд, мутахассиси пешбари кумитаи замин Мунавварзода Сабоҳиддин Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати Далёни боло, нисбат ба раис, муовин ва дигар кормандони ин кумита ба далели гӯё мамониати онҳо ба кори Мунавварзода қасд ва хусуматӣ шахсӣ доштааст. Он рӯзи наҳси 17 июл,  Мунавварзода бехабар аз онки дар ин рӯзи истироҳати якшанбе фаррошон ҳам метавонанд ба  кор биоянд, ба ҷои кор омада,  бо мақсади тарс додан ва ба таҳлука андохтани онҳо даст ба ташкили далелҳои сунъии бадномкунанда зада,  ҳамон рӯз бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ утоқҳои кории раис ва муовини раиси кумитаро оташ задааст.

Ин кори ӯро тасодуфан Умеда Зокирова мебинад ва Мунавварзода аз тарси он ки  сирраш фош мешавад, ба қаровулхона рафта, корди хоҷагиро мегирад ва омада, Зокироваро бо чанд зарбаи корд зада, мекушад. Дар ин ҳангом Мӯниса Фозилова пайдо мешавад ва Мунавварзода боз ҳам аз тарси он ки сирраш фош нашавад, ин занро ҳам бо 13 зарбаи корд ба ҳалокат мерасонад.

Аз Мӯниса Фозилова як писар ва аз Умеда Зокирова 3 духтари ноболиғ ятим монданд.

Ҳоло ба зидди Сабоҳиддин Мунавварзода  бо иттиҳоми куштани ду нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба ӯ то 25 соли зиндон ва ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

P.S

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар нимаи аввали сол дар кишвар, аз ҷумла 22 одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор ва 64 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Дар нимаи аввали соли 2021 бошад, 20 куштор рух дода буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.