Лаҳза ба лаҳза: Ҳуҷуми низомиёни Қирғизистон ба Тоҷикистон

14-уми сентябр

07:15.    Гуруҳи мусаллаҳи хизматчиёни ҳарбии пости сарҳадии “Булакбошӣ”-и дидбонгоҳи сарҳадии “Капчигай”-и отряди сарҳадии  “Баткен”-и Қирғизистон дар мавзеи “Кех” пайдо мешаванд.

07:28.     Хизматчиёни ҳарбии пости мазкур аз силоҳи гуруҳии 60 мм миномётҳо ба тарафи пости сарҳадии “Кех”-и Тоҷикистон оташ мекушоянд ва муноқишаи мусаллаҳона оғоз мегардад.

08:10.     Хизматчиёни ҳарбии пости сарҳадии “Кех” сержант Қурбонов Фатҳиддин ва аскари қаторӣ Ашуров Раҳмоналӣ аз тири сарҳадбонони Қирғизистон ҷароҳат мебардоранд ва онҳо фавран ба бемористони шаҳри Исфара интиқол дода мешаванд.

08:54.     Як адад мошини одамбар ва як адад мошини зиреҳпӯши ҷангии БРДМ бо хизматчиёни ҳарбии қирғиз ба пости сарҳадии “Булакбошӣ” ворид мешаванд ва ҷангиён бо дигар сарҳадбонони қирғиз ҳамроҳ шуда, бар муқобили сарҳадбонони тоҷик оташфишонӣ мекунанд.

09:25.     Қаторӣ Мениқулов Аслан (Тоҷикистон) ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар пости сарҳадии “Кех” (Тоҷикистон) тир мехӯрад ва дар ҷои ҳодиса ба шаҳодат мерасад.

09:50.     Бо ташаббуси тарафи Тоҷикистон отшбас эълон мегардад.

10:02.     Бо сабаби ба ҷониби нуқтаи сарҳадии “Кех”-и (Тоҷикистон) бо силоҳи гуруҳии миномёт тирпарронӣ кардани сарҳадбонони Қирғизистон вохӯрии намояндагии сарҳадии тарафҳо, ки ба нақша гирифта шуда буд, оғоз нагардид.

10:40.     Тарафҳо маротибаи дуюм отшбас эълон карданд.

10:43.     Вохӯрӣ миёни намояндаи сарҳадии ҶТ дар вилояти Суғд ва намояндаи сарҳадии ҶҚ дар вилояти Боткен дар минтақаи “Кех” баргузор гардид.

10:48.     Аз ҷониби Қирғизистон ба ҷониби нуқтаи сарҳадии “Кех” — Тоҷикистон аз силоҳи гуруҳии миномёт оташ мекушоянд. Задухӯрд такроран оғоз ёфт. Вохӯрӣ бенатиҷа монд.

13:30.     Задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Боғистон” оғоз гардид.

14:16.     Задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Душанбе” оғоз гардид.

14:27.     Задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Шӯроб” оғоз гардид.

14:45.     Задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Чоркуҳ” оғоз гардид.

15:15.     Тарафҳо маротибаи сеюм отшбас эълон карданд.

15:47.     Вохӯрии миёни намояндаи сарҳадии ҶТ дар вилояти Суғд ва намояндаи сарҳадии ҶҚ дар вилояти Боткен дар минтақаи “Хоҷаи Аъло” баргузор гардид.

20:30.     Вохӯрӣ миёни намояндаи сарҳадии ҶТ дар вилояти Суғд ва намояндаи сарҳадии ҶҚ дар вилояти Боткен дар минтақаи “Чорқишлоқ” бо иштироки гуруҳи кории тарафҳо баргузор гардид.

21:30.     Анҷоми вохӯрӣ.

15-уми сентябр

Давоми шабонарӯз:  Дар тамоми минтақаҳои наздисарҳадӣ бо ҶТ ҷониби қирғиз қувваҳои захиравии худро барои пурзӯр кардани амалиёти минбаъда ҷамъ меорад.

16-уми сентябр

05:07.     Аз ҷониби низомиёни дидбонгоҳи сарҳадии “Қара”-и ҶҚ ба самти дидбонгоҳи сарҳадии “Сурх” бе ягон сабаб тирпарронӣ оғоз гардид.

06:05.     Задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Шӯроб” оғоз гардид.

06:13.    Задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Душанбе” оғоз гардид.

06:19.     Задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Боғдорӣ” ва ШНС “Гулистон” оғоз гардид.

06:25.     Тарафҳо оташбас эълон намуданд.

06:31.     Задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Лаккон” оғоз гардид.

06:35.     Задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Хоҷаи Аъло” оғоз гардид.

06:41.     Задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи пости сарҳадии “Чорқишлоқ” оғоз гардид.

06:53.     Ҷониби Қирғизистон дар минтақаи Ворух аз чархболи ҷангӣ истифода бурд.

06:55.     Задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Бедак” оғоз гардид.

06:59.     Вохӯрии намояндаи сарҳадии ҶТ ва намояндаи сарҳадии ҶҚ дар сатҳи сардорони отрядҳои сарҳадӣ дар минтақаи “Хоҷаи Аъло” баргузор гардид.

07:10.     Задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Овчӣ-қалъача” оғоз гардид.

07:16.     Задухӯрди мусаллаҳона дар наздикии комендатураи сарҳадии “Ворух” оғоз гардид.

07:28.     Задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи пости сарҳадии “Кех” оғоз гардид.

07:30.     Тарафҳо бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оташбас эълон намуданд.

07:54.     Аз ҷониби Қирғизистон ба дидбонгоҳи сарҳадии “Боғдорӣ” аз силоҳи гуруҳии миномёт оташ кушоданд.

08:00.     Дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Боғистон” аз ҷониби низомиёни Қирғизистон ба тарафи манзилҳои истиқоматии аҳолии маҳаллӣ оташкушоӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон ва гуруҳӣ оғоз ёфт.

08:37.     Дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Лаккон” гулӯлаҳои миномётӣ, ки аз ҷониби Қирғизистон мешуданд, ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузашта, метарканд.

08:38.     Пости сарҳадии “Жигдалик”-и ҶҚ аз ҷониби низомиёни тоҷик ишғол карда шуд.

08:43.     Дидбонгоҳи сарҳадии “Достук”-и ҶҚ аз ҷониби низомиёни тоҷик ишғол карда шуд.

09:12.     Шоҳроҳи “Арқа” зери назорати низомиёни тоҷик қарор гирифт.

09:35.     Дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Лаккон” аз ҷониби низомиёни Қирғизистон манзили истиқоматии аҳолии маҳаллӣ (шаҳри Исфара) зери оташ қарор гирифт.

10:20.     Минтақаи обтақсимкунӣ ва дидбонгоҳи сарҳадии “Ортабуз”дар рафти амалиёти ҳарбӣ ба дасти низомиёни тоҷик гузашт.

10:38.     Дидбонгоҳи сарҳадии “Самаркандек” ба дасти низомиёни тоҷик гузашт.

11:01.     Дидбонгоҳи сарҳадии “Жанижер” ба дасти низомиёни тоҷик гузашт.

11:03.     Дар минтақаҳои “Боғистон” ва “Лаккон” тайёраи бесарнишин (“Байрактар”)-и Қирғизистон пайдо мешавад.

11:14.     Дидбонгоҳи сарҳадии “Минбулоқ” ба дасти низомиёни тоҷик гузашт.

11:24.     Як адад танки ВМ ҶТ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Шӯроб” тариқи бесарнишини “Байрактар”-и Қирғизистон тарконида шуд.

11:58.     Дидбонгоҳи сарҳадии “Капчигай” ба дасти низомиёни тоҷик гузашт.

13:29.     Роҳи алтернативии Аксай зери назорати низомиёни тоҷик қарор гирифт.

14:05.     Вохӯрии намояндагии сарҳадӣ миёни Раисони КДАМ ҶТ ва ҶҚ дар минтақаи “Равот” баргузор гашт. Тарафҳо оташбас эълон карданд.

15:10.     Аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Самаркандек”-и Қирғизистон ҷониби минатақи “Шӯроб”(Тоҷикистон) қирғизҳо оташ мекушоянд.

15:53.     Дидбонгоҳи сарҳадии “Булакбошӣ”-и ҶҚ аз ҷониби низомиёни тоҷик ишғол карда мешавад.

17:40.     Дар минтақаи “Хистеварз” бесарнишини “Байрактар”-и Қирғизистон пайдо мешавад.

17:48.     Дар минтақаи “Ворух” ду адад тайёраҳои АН-и ҳарбӣ ва як адад чархболи Қирғизистон пайдо гардиданд.

17:54.     Як адад мошини зиреҳпӯши ВМ ҶТ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Шӯроб” тариқи бесарнишини “Байрактар”-и Қирғизистон тарконида шуд.

17:58.     Дар мавзеи “Овчӣ-қалъача” аҳолии маҳаллӣ, ки дар назди масҷид ҷамъ омада буданд, мавриди оташи ҳарбиёни Қирғизистон қарор гирифтанд. Зиёда аз 20 нафар мардуми намозхон ба шаҳодат расиданд, беш аз 100 нафар захмӣ гаштанд.

18:38.     Як адад мошини тупии “Град”-и  ВМ ҶТ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Шӯроб” тариқи бесарнишини “Байрактар”-и Қирғизистон тарконида шуд.

20:25.     Тарафҳо отшбас эълон карданд.

21:24.     Аз ҷониби Қирғизистон ба дидбонгоҳи сарҳадии “Бедак” (Тоҷикистон) аз силоҳи гуруҳӣ ҳарбиёни қирғиз оташ кушоданд.

17-уми сентябр

07:40.     Вохӯрии намояндагии сарҳадӣ миёни Фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии ҶТ ва ҶҚ, инчунин Раисони вилоятҳои Суғд ва Боткен дар минтақаи “Гулистон”-и ноҳияи Исфара баргузор гардид.

08:45.     Анҷоми вохӯрӣ

08:50.     Аз ҷониби Қирғизистон ҳарбиёни қирғиз ба нуқтаи сарҳадии “Чорқишлоқ”-и дидбонгоҳи сарҳадии “Сурх” (Тоҷикистон) аз силоҳи оташфишон тир кушоданд. Тирпарронии яктарафа то 11.25 идома ёфт. Сарҳадбонони Тоҷикистон тирпарронӣ накарданд.

11:40.     Аз самти Қирғизистон ба ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии “Қарамиқ”-и отряди сарҳадии “Лахш”(Тоҷикистон) аз мошини тӯпии “Град” оташ кушода мешавад, ки дар натиҷа дар наздикии мактаби деҳаи “Қарамиқ” як нафар ноболиғ захмдор гардид.

14:00.   Вохӯрии намояндаи сарҳадбонони Тоҷикистон ва намояндаи сарҳадбонони Қирғизистон дар минтақаи “Қарамиқ” баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур намояндаи сарҳадии қирғиз подполковник Исаков Мансур изҳор мекунад, ки низомиёни қирғиз ва фиристодагони сохторҳои қудратии Қирғизистон, ки барои пурзӯр кардани сарҳад сафарбар шудаанд, ба ӯ итоат намекунанд ва фармонашро иҷро наменамоянд.

14:30.     Анҷоми вохӯрӣ

17:25.     Аз ҷониби Қирғизистон ба дидбонгоҳи сарҳадии “Қарамиқ” аз силоҳи гуруҳӣ оташ кушоданд. Тирандозӣ то 18.35 идома ёфт.

18:37.     Тарафҳо отшбас эълон менамоянд.

То ҳол:  Дар тамоми хатҳои сарҳадӣ ҷониби Қирғизистон қувваҳои захиравии худро ҷамъ оварда истодааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.