Пирўзии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар клуби «Малиҳа»

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб нахустин бозии санҷиширо анҷом дод.

Ҳарифи дастаи мо дар бозии дўстона бошгоҳи футзали «Малиҳа» буд, ки дар чемпионати Амороти Муттаҳидаи Араб баромад мекунад. Вохўрӣ бо ҳисоби 4:1 бо пирўзии дастаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мо Идрис Ёров дубл анҷом дод. Файзалӣ Сардоров ва Дилшод Саломов якголии дигар заданд.

Дастаи Пайрав Воҳидов бозии навбатии санҷишии худро дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб рўзи 22-юми сентябр анҷом медиҳад, ки ҳариф баъдтар муайян хоҳад шуд. Дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27-уми сентябр то 8-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби Баҳрайн (27-уми сентябр), Ўзбекистон (29-уми сентябр) ва Туркманистон (1-уми октябр) бозӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *