Левакант: Нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шуд

Шаҳри Леваканти вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кард. Ҳанӯз дар саҳро ҳосил фаровон будааст.

Қаландарзода Мирзоалӣ, сардори бахши кишоварзии шаҳри Левакант дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки майдони кишти пумбадона 1 ҳазору 80 гектар аст. Ӯ мегӯяд, ки нақшаи ҷамъоварии тилои сафед 2 ҳазору 520 тонна мебошад. “То имрӯз беш аз 2 ҳазору 530 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст”,- афзуд вай. Ба таъкиди ӯ, ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон аст.

— Шаҳри Левакант дар кишвар аввалин шуда нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кард. Имсол назар ба соли гузашта 80 тонна зиёд пахта ҷамъоварӣ кардаем. Хушбахтона, дар саҳро ҳосил фаровон аст. Ҳоло ҷамъоварии муташаккилонаи тилои сафед идома дорад. Кӯшиш мекунем аз нақша барзиёд пахта ҷамъоварӣ кунем,- гуфт ҳамсуҳбатамон.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.