Левакант: Нақшаи мактабсозӣ кай амалӣ мешавад?

Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, мувофиқи баъзе маълумотҳо, ҳанӯз соли 1987-и асри гузашта сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1176 хонанда оғоз шуда буд. Мутаассифона, бо сабаби маблағгузорӣ нашудан сохтмон то кунун ба охир нарасидааст.

Бунафша Файзиддинзода, раиси шаҳри Левакант гуфт, ки муассисаи таълимӣ бениҳоят калон аст. Ӯ мегӯяд, ки “мо айни замон аз ҳисоби буҷет имконияти сохтмони муассисаро надорем”.

— Мо кӯшиш карда истодаем, ки дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҳамин мактабро аз нав барқарор кунанд ва сохтмонашро аз нав оғоз намоянд. Корбарӣ шуда истодааст дар ин самт. То ин муддат мактаб сертификати истифодабарии заминро надоштааст. Ҳозир мо кушиш дорем, ки ҳуҷҷатгузорияшро дуруст карда, ба Вазорати маориф пешниҳод намоем. Мумкин солҳои наздик ин масъала ҳалли худро ёбад,- афзуд вай.

Мутаассифона, Бунафша Файзиддинзода ҳам мисли роҳбарони собиқи шаҳр дақиқ нагуфт, ки сохтмони муассисаи таълимӣ кай оғоз мешавад. Бо гузашти беш аз 30 сол аз замони шурӯи корҳои сохтмонӣ ҳамоно сохтмони иншооти мавриди назар нотамом боқӣ мондааст.

Агар масъулони муҳтарам ба ин масъала каме таваҷҷуҳ мекарданд, шояд дар ин муддати тӯлонӣ мушкили мазкур бартараф карда мешуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.