Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тӯфони ғазаб ва таҳаммули Манижа Сангин

Номзадии Манижа Сангин ба «Евровидение-2021»  сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Ин духтари соҳибҳунари тоҷик ҳатто зери фишори сангини сиёсатмадорон қарор гирифт. Манижа ба ин тӯфони ғазабу тӯҳмату таҳқир тоб овард ва бо сари баланд, бо таронаи «Russian Woman» дар саҳнаи озмуни байналмилалӣ дар Ротердам ҳунарнамоӣ кард.

Шариф Ҳамдампур дар Маскав бо Манижа суҳбате орост, ки пешкаши мухлисони ӯ мегардад.

-Қабл аз баргузории «Евровидение-2021» баҳсҳо атрофи ту ва суруди «Русская женщина» зиёд буданд. Элитаи рус либосатро якранг ва беҷило арзёбӣ карда, сурудатро мавриди интиқоди шадид қарор доданд. Миёни онҳо бадхоҳони зиёде ҳам буданд… Чи гуна ба ту муяссар шуд, ки ин ҳамаро бо матонат ва сабурӣ пушти сар кунӣ?

– Роҳ ба сӯи ин озмуни байналмиллалӣ осон набуд. Албатта, ман дар танҳоӣ муваффақ намешудам, зеро мисли дигарон бандаи ҳассосу нозук ҳастам. Бароям хеле душвор буд, вале дар ин ҷода маро наздиконам, аҳли оилаам, дӯстонам ва гурӯҳи мутрибоне, ки солҳои зиёд бо ман ҳамкорӣ доранд, дастгирӣ намуданд. Аз зери тозиёнаи танқид ва бадгӯиҳо сар бардоштаму ба саҳнаи озмуни байналмилалӣ қадам гузоштам. Аз чунин туҳфаи қисмат сипосгузор ҳастам. Ифтихор аз суруди сароидаам дорам ва фикр мекунам, ки аз уҳдаи иҷроиши масъулияти ба дӯшам гузошта 200 % баромадам.

– Сабаби чунин бадбиниву хусумат нисбат ба ту чӣ буд?

-Намедонам, зеро ба ҷойи ҳама посух гуфта наметавонам. Эҳтимол, зиндагии душвор боиси он шудааст, ки мардум ҳассосияти худро дарк намекунад ва ғазабашро идора карда наметавонад.

-Дар ин ҳолатҳо хоҳиши аз баҳри ҳама чиз гузаштан дар зеҳнат пайдо нашуд?

– Аслан ашхоси эҷодкор хеле нозук мешаванд. Барои тавлиди як тарона қалби ҳассосу нозук доштан лозим аст… Бале, гоҳо ин фикр дар зеҳнам пайдо мешуд, вале ман ба худ ҳуқуқи шикаст хурдану рӯҳафтода шуданро надодам. Вақте дар саҳнаи “Евровидение” меистодам, эътимодам қавӣ буд, ки метавонам… Ва тавонистам. Аз чунин ирода доштанам ва барои дар назди виҷдонам пок буданам, меболам.

-Манбаъи чунин қувваи ту аз куҷост?   

– Ин беҳуда пайдо намешавад. Чунин неруро танҳо одамони меҳрубон дороянд, ки бо ҷонибдорӣ кардани ман, неруям бахшиданд. Дар ҳаёти худ бо чунин шахсони самимӣ ва хайрхоҳ зиёд вохӯрдаам. Таҳаммул ва бурдбориро зиндагӣ дар мо рушд медиҳад. Ҳамчунин, ба волидайнам изҳори сипос мегӯям, ки маро чун шахсият ба воя расонданд.

-Дар бораи оила ва сарчашмаи эҷодиётат ба хонандагони мо чанд ҳарф бигӯ.

-Бобоям Тоҷӣ Усмон, адиби маъруфи тоҷик ва чеҳраи намоёни фарҳангӣ буд, ки дар рушди фарҳанги миллии Тоҷикистон нақши рӯшан гузоштааст. Яке аз хидматҳои ӯ ҷамъоварӣ ва нашри ашъори  шоираҳост. Маҷмӯаи ӯ ки “Бонувони суханвар” ном дорад, аз намунаи осори бонувоне фароҳам омадааст, ки дар асрҳои гузашта эҷод мекарданд, вале бо таъсири замон нашри он имконнопазир буд. Ман ин таълифотро хондаам, онҳо ба ман таъсир гузоштанд, бинобар ин аз синни 8 солагӣ шеър ва дар 11 солагӣ суруд эҷод карданро оғоз кардам.

Аз хурдӣ модар ва бибиям шеърҳои шоираҳоро бароям хондаву шарҳ медоданд. Мегуфтанд, ки шоира Маҳастӣ чӣ гуна дар шеърҳояш оид ба баробарҳуқуқӣ сароида, барои ҳуқуқи занон мубориза мебурд…

-Чаро дар озмун маҳз мавзуъи зани русро интихоб кардӣ, барои мисол, чаро зани тоҷикро не?  

-Бале, ман тоҷикам, зодаи Тоҷикистонам ва бо ин ифтихор дорам. Россия-кишвари гуногунмиллат аст, ки дар он халқҳои гуногун умр ба сар мебаранд. Ҳадафи ман, дар ин фазо нишон додани одамони гуногун аст. Зеро ман намояндаи ин гуногунмиллатӣ ҳастам ва ифтихор мекунам. Аз ин рӯ, суруд дар бораи зани рус муҳим мебошад. Ман махсус барои «Евровидение» ин сурудро омода накардам. Он як сол пеш аз оғози озмун эҷод шуда буд. Вақте ба ман пешниҳод карданд, ки дар марҳилаи интихобӣ ширкат кунам якчанд оҳанги худро пешниҳод кардам. Роҳбарияти шабакаи 1-уми Русия суруди “Зани рус”-ро интихоб карданд ва ман онро дар давоми як шабонарӯз омода намудам. Қабл аз «Евровидение» ҳам дар бораи қудрати зан суруд хонда будам ва баъдан низ сурудхониро дар мавзуъи зан идома хоҳам дод.

-Медонам, ки туро одамони зиёде дастгирӣ карданд.  Аз шахсиятҳои саршинос, дастгирии киро эҳсос кардӣ?

-Чунин нафарон хеле зиёданд. Барои мисол Алексей Агронович ва Ксения Собчак… Ҳамаро номбар кардан имкон надорад, вале як чизро мегӯям: қисми зиёди элитаи касбӣ маро дастгирӣ мекунанд.

-Баъди ҳунарнамоӣ дар Роттердам чӣ эҳсос дорӣ?

-Қабл аз ҳама шодии қалбро эҳсос мекунам, ки ба он хеле ниёз доштам. Озмун чӣ гуна сурат гирифт ва чӣ натиҷа дод, муҳим нест, муҳим ки сур буд…

-Айни замон туро чӣ рӯҳбаланд мекунад? Мухлисон зиёд шуданд?

– Бале. Феълан маро ба тамоми шаҳрҳои Русия бо консерт даъват мекунанд. Ба наздикӣ дар Дудинка будам, бонувон маро иҳота намуда, аз ҷонибдорияшон дар озмун сухан гуфтанд ва таманниёти нек карданд, ки бароям хушоянд буд.

– Аз сарояндагони тоҷик киҳоро  гӯш мекунӣ?

– Сурудҳои Далер Назаров, Муққадас Набиева, Наргис Бандишоеваро гӯш мекунам. Ман мухлиси мусиқии классикии тоҷик ҳастам, вале афсӯс, ки на ҳамеша имкони гӯш кардани онро дорам.  

-Асноди таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки тоҷикон  халқи азиятдида ҳастанд ва бо сабабҳои гуногун ватанро тарк намудаанд. Ту низ дар замони ҷанг тарки ватан кардӣ. Оё муҳоҷир будан осон аст?

-Албатта, осон нест. Ман намехоҳам ҳисси раҳмро бедор кунам, зеро раҳм ин шафқат нест. Раҳм ва шафқат эҳсоси фарқкунанда ҳастанд.  Дар ҳақиқат, дар таърихи сайёраи Замин бисёр одамон бо сабабҳо ва ҳолатҳои гуногун таъқиб карда мешуданд ва дучори буҳрони иқтисодӣ, амалиёти ҳарбӣ, офатҳои табиӣ мешаванд… одамон гунаҳгор нестанд, ки ватани худро иваз мекунанд, дӯстони худро тарк мекунанд…

-Андешаи ту дар бораи Тоҷикистон чӣ гуна аст?

– Ман мехоҳам, ки мардуми мо нафаронеро, ки дар саргаҳи рушди фарҳанг ва санъати тоҷик истода буданд, дар ободии Ватани мо саҳми бузург гузоштаанд, арҷгузорӣ ва ситоиш намоянд. Шояд дар байни ҷавонон Умари Хайёми муосир ё Саъдии Шерозӣ пайдо шаванд, ки тамоми ҷаҳонро мафтун созанд. Инро вақт нишон хоҳад дод. Ман медонам, ки дар байни насле, ки солҳои 90-ум ба кишварҳои гуногун рафтанд, дар Амрико рассоми тоҷик Ҷама Ҷӯрабоев хеле муваффақ аст. Ӯ консепсияҳои визуалии силсилафилми “Ҷанги ситораҳо”-ро эҷод мекунад. Ин мардест, ки барои кораш дар Ҳолливуд баҳои баланд ва музди хуб мегирад. Мо чунин нафарон зиёд дорем. Фақат боварӣ ва имконият лозим аст.

Манижа, баъзе тоҷикон дар Русия мансубияти худро ба халқи тоҷик пинҳон мекунанд, аммо ту озодона, дар тамоми ҷаҳон дар миллати худ ҳарф мезанӣ…

– Ман низ дар ҳаёти худ, давраеро пушти сар кардам, ки аз номи миллати худ шарм медоштам, зеро бачаҳои тоҷик, ки нав ба Русия меомаданд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дуруст рафтор намекарданд, духтарони роҳгузарро мезаданд, дашному калимаҳои қабеҳ истифода мекарданд, нафареро аз дасташ кашола мекарданд… Вале андешаи ман тағйир ёфт. Ба ҳама барои ислоҳшавӣ бояд вақту имконият дод.

-Агар сароянда намешудӣ  кадом пешаро интихоб мекардӣ?  

-Фонди хайриявӣ кушодан мехоҳам, то ба бонувони муҳтоҷ кумаки равониву ҳуқуқӣ расонам. Бо наврасону кӯдакон кор карда, аз кӯдакӣ дар онҳо робитаи солимро ташаккул медодам, зеро оилаи намунавӣ вуҷуд надорад. Ҳолатҳое мешавад, ки волидон ба фарзандони худ осеб мерасонанд. Дар натиҷа кӯдакон тамоми умр бо ҷароҳатҳои вазнини равонӣ умр ба сар мебаранд ва ба кумаки равонӣ ниёз доранд.

– Кай бори охир дар Душанбе будӣ? Оё Ватанро ёд мекунӣ?

 – Албатта, пазмон мешавам. Мо дар Душанбе моҳи ноябри соли 2019 будем, вале ман шаҳри бачагии худро намешиносам. Ёдгориҳои меъморӣ тахриб шуда, биноҳои беназире, ки сайёҳон ва меҳмононро шод мекарданд, нобуд шуданд. Шаҳр пур аз биноҳои баландошёнаи якранг аст, ки аз шиша ва бетон сохта шудаанд. Дарахтони сершохаву сояафкан, ки пиёдагардонро аз нурҳои офтоби сӯзон муҳофизат мекарданд, нопадид шудаанд. Ин, албатта, ғамангез аст.

-Нависандаи рус, Тимур Зулфиқоров ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад, низ солҳои охир ба ёди шаҳри бачагии худ ғам мехӯрад… Дар оянда ба чӣ кор машғул шуданӣ ҳастӣ?

-Ба консерти нав омодагӣ мебинам ва бо модарам, ки продюссери ман аст, сари лоиҳаҳои хайриявӣ кор мекунам. Мавзӯи лоиҳаҳои мо: Чӣ гуна зану кӯдаконро аз хушунат дар деҳот ҳифз бояд кард.

– Манижа чӣ орзу дорад?

– Зани хушбахт будану кӯдакони солим доштан мехоҳам.

Аз русӣ тарҷумаи Н. Раҷабова

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.