Мақоми омӯзгор боло меравад. Қарорҳои нав дар маҷлиси Ҳукумат

Имрӯз, 31 июл таҳти раёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022–2027, марҳилаи дуюм (солҳои 2025–2027) баррасӣ шуд. Тибқи нақша, 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои 53 ҳазору 303 ҷойи нишаст ба маблағи 957,8 миллион сомонӣ сохта мешавад. Ҳадаф – ҳалли мушкилоти ҷойи нишаст, аз байн бурдани биноҳои садамавӣ ва беҳсозии шароити таҳсил аст.

Президенти кишвар ба сохторҳои марбута супориш доданд, ки иҷрои барнома таъмин ва ҷараёни он ҳар сол ба Ҳукумат пешниҳод гардад. Ҳамзамон, зарурати суръат бахшидан ба рақамикунонӣ ва гузариш ба низоми электронии идоракунӣ ва таълим таъкид шуд.

Дар ҷараёни маҷлис лоиҳаҳои қонунҳои муҳими марбут ба соҳаи маориф, аз ҷумла “Дар бораи мақоми омӯзгор”, тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагон ирсол гардиданд.

Қонуни “Дар бораи мақоми омӯзгор” ба хотири баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҳифзи шаъну шараф ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои бештар таҳия шудааст.

Инчунин, дар ҷаласа Барномаи амнияти озуқаворӣ барои солҳои 2026–2030 ва Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои солҳои 2025–2029 қабул гардиданд.

Президенти мамлакат дар анҷом ба мақомот супориш доданд, ки ба мавсими тирамоҳу зимистон, соли таҳсил ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагии ҷиддӣ гиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *