Вазир сабабро гармӣ гуфту масъул татбиқи лоиҳаҳо. Дар нишасти “Барқи тоҷик” боз чӣ гуфтанд?

Маҳдудияти интиқоли нерӯйи барқ, ки миёни мардуми кишвари мо ҳамчун “лимит” маъруф аст, одатан дар зимистон ҷорӣ мешавад, аммо соли равон дар фасли тобистон ҳам дар бисёре аз манотиқи кишвар барқ хомӯш карда мешуд.

Сокинон шиква мекунанд, ки барқ бе огоҳӣ давоми рӯз қатъ карда мешавад. Ба шикояти сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо касе посух намегуфт, вале дар нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Шабакаҳои тақсимоти барқ ин суолҳо аз ҷониби хабарнигорон матраҳ ва масъулин ба онҳо посух гуфтанд.

Шарҳи вазири энергетика

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ, рӯзи 28 июл маҳдудяти нерӯи барқро тасдиқ карда, сабаби онро “ҳарорати баланди ҳаво” арзёбӣ кард.

Ӯ рӯзи 25-уми июл гуфт, “дар ҳақиқат, махсусан дар моҳи июл ва қисман дар моҳи июн дар баъзе мавридҳо маҳудудияти барқ ҷой дошт. Новобаста аз он, ки иқтидорҳои истеҳсолии энергияи барқ басанда буданд, азбаски ҳаво бисёр гарм буд, таъсири технологӣ ба кори таҷҳизот, махсусан дар шабакаҳои барқӣ расонида буд”.

Одатан зимистон лимити барқ бо сабаби кам шудани сатҳи об дар обанборҳои кишвар ҷорӣ мешавад, вале соли равон гармии бесобиқаи ҳаво низ сабаби қатъи муваққатии барқ гардидааст. 

Татбиқи 4 лоиҳа

Масъули Шабакаҳои тақсимоти барқ бошад гармии зиёдро як сабаби қатъи нерӯи барқ дар фасли тобистон гуфта бошад, сабаби дигарро татбиқи 4 лоиҳа дар саросари кишвар арзёбӣ намуданд.

Дар нишасти хабарии ширкатҳои масъули барқ, ки рӯзи 30 июл баргузор шуд, роҳбари Шабакаҳои тақсимоти барқ ҳузур надошт.

Абдуалим Самизода, сардори Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Душанбе гуфт, ки натанҳо дар вилояти Хатлон, дар пойтахти кишвар ҳам имсол гармии зиёд ба қайд гирифта шуд.

“Таҷҳизоти барқӣ то як миқдори муайяни ҳарорат фаъолият мекунад ва навбатдор баъди ин ҳарорат маҷбур мешавад, ки таҷҳизоти барқиро аз сарборӣ озод кунад, барои пешгирӣ кардан аз корношоям шудани таҷҳизоти барқӣ”, – гуфт Самизода.

Сабаби дигарро Абдуалим Самизода роҳандозии 4 лоиҳа дар Тоҷикистон номид, ки барои иҷрои корҳои он интиқоли нерӯи барқ қатъ мешавад:

– Бобарқтаъминкунии деҳот бо 6,5 млн доллар;

– Барномаи рушди соҳаи энергетика бо 95 млн доллар;

– CASA-1000 бо 15 млн доллар;

– Кам кардани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон.

“Барои амалӣ кардани ин лоиҳаҳо, чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, бе хомӯшкунии шабакаи барқ иҷро кардани корҳо дар шабакаҳои барқӣ ғайриимкон аст”, – гуфт Абдуалим Самизода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *