Марги 3 карантиншуда ва овозаву ҳақиқати коронавирус дар Тоҷикистон

Имрӯз коронавирус ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардааст, ки бо гумони ғолиб ҳеҷ ҷанг ё вабое то ба ин ҳад наоварда буд. Ҳоло танҳо дар 16 давлати дунё ин вирусро ба қайд нагирифтаанд ва яке аз онҳо Тоҷикистон аст. Бо вуҷуди он ки дар кишвари мо то ҳол сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале сару садоҳои зиёд, паникаҳои беасос, болоравии нархҳо, карантинкунониҳо (ба хотири санҷишу пешгирӣ) мавҷуданд, ки дар зер доир ба онҳо мегӯем. 

Карантин: мешавад ё не?

Дар бобати паникаҳои зиёди сокинони кишвар, ки ҳамагӣ дар мавриди карантин шудан ё нашудани кишвар ҳадс мезаданд, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода гуфт, ки ҳеҷ баҳона ё сабабе барои эълони карантин, бахусус, карантини саросарӣ нест, барои барои карантинкунонии кишвар асос лозим аст. Хушбахтона, то имрӯз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст ва ҳоло карантин дар назар нест.

Се фавти пурсадо

Якум. 31-уми март як марди 60-сола дар Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов фавтид. Ин фавт ба бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа карданд ва таҳти карантини пурра қарор гирифтани беморхонаи мазкур сабаб шуд. Ин ба ҳолате оварда расонд, ки аз бемористон ягон табибу парастор ё бемор ва ҳатто заноне, ки чанде пеш таваллуд кардаанд, ҳаққи берун омадан надоранд. Қабули беморон ва аёдаткунандагон манъ шуд. Иловатан 29 нафаре, ки бо марди фавтида дар беморхона дар тамос будаанд, ба карантин фаро гирифта шуданд, ки 9 нафари калонсол ва 9 кӯдак аъзои оилаи ин мард буда, 11 нафари дигар кормандони тиббии бемористоне мебошанд. Мақомоти тандурустии вилоят гуфтанд, санҷишҳо то ҳоло мавҷудияти вируси коронаиро дар тани ин афрод ошкор накардаанд. Ба карантин гирифта шудани ин афродро мақомоти тандурустии вилояти Суғд як чораи эҳтиётӣ ва пешгирикунанда меноманд.

Дуюм. Рӯзи 11-уми апрел дар Беморхонаи  бемориҳои сили вилояти Суғд сокини 61-солаи ноҳияи Шаҳристон Шодмон Раҷабов  вафот кард ва хешовандони марҳум ба карантин гирифта шуданд.

Гуфта мешавад, ки Шодмон Раҷабов рӯзи 8-уми апрел дар беморхона бистарӣ шуд. Раҷабов баъди ба сауна (ҳаммом) рафтан  худро бад ҳис карда, ба Беморхонаи ноҳияи Шаҳристон муроҷиат мекунад. Аммо дар он ҷо ба ӯ гуфтанд, ки вазъи саломатияш хуб аст. Ӯ ба хона омада, боз худро бад ҳис кард. Баъд аз муроҷиаташ ба беморхонаи вилоятӣ, зимни муоина дар ӯ бемории сил ошкор шуд ва аъзои оилаи ӯ дар Беморхонаи сироятии ноҳияи Шаҳристон ба карантин гирифта шудаанд.

Сеюм. Шоми 12-уми апрел, соати 21:30 корманди Беморхонаи марказии вилоятии ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар Алимова Оишамоҳ, соли таваллудаш 1962 бо ташхиси сили иртишоҳи қисми мобайнии ҳар ду шушҳо (инфильтративный туберкулёз), гипертерофияи меъдачаи чапи дил, атеросклерози шоҳраг фавтид, хабар дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ.

Дар пасманзари ин се фавт сару садоҳои хеле зиёд баланд шуданд ва бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки мумин аст коронавирус ба Тоҷикистон омадаву шахсони фавтида сироятёфта бошад. Вале Вазорати тандурустӣ ин ҳамаро рад карда, гуфт, ки дар нафарони фавтидан коронавирус ба қайд гирифта нашуда буд.

Омори вазорат

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  ҶТ, аз 1-уми феврал то 13-уми апрели соли равон 7560 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз шумораи зикршуда то санаи 13-уми апрел 5724 кас ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, айни ҳол 1836 нафари онҳо зери назорати карантинӣ қарор доранд. Аз оғоз то имрӯз 326 нафар шаҳрвандони хориҷӣ низ ба карантин фаро гирифта шуданд, ки айни замон 5 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.

Нархҳо боло рафатанд, аммо

Ҳукумати Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ба овозаҳои камбуди маҳсулоти ғизоӣ бовар накунанд. Ба гуфтаи онҳо, захираи хӯрокворӣ дар кишвар кофист. Аммо нархҳо дар бозорҳо ҳамарӯза боло мераванд.

Баъзе маҳсулот, аз қабили сирпиёз (чеснок), лимӯ (лимон) ва занҷабил бар асари афзоиши талабот ба онҳо дар робита ба пешгирии сирояти коронавирус қимат шуданд (доир ба нарху навои бозор дар саҳ. 7  муроҷиат кунед).

Намозро дар хона хонед

Тибқи иттилои расонаҳо ходимони дин бо такя ба манобеи шаръӣ таъкид доштанд, ки воқеан дар чунин шароити ҳассос хондани намоз нисбат ба масҷидҳо дар хона афзалтар мебошад: Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Шахси мариз назди шахси тандуруст оварда нашавад”. Олимон зимни ҳадиси мазкур фармудаанд: «Шахсони солим набояд бо касоне, ки ба бемориҳои сирояткунанда гирифторанд, нишасту бархост кунанд, то ин ки беморӣ ба онҳо нагузарад». Дар ҳолати паҳншавии бемориҳои сироятӣ, номусоид будани вазъи ҳаво ва тарс аз душман дар хона намоз гузоштан ҳам фазилати бузург дорад, зеро шумо ба ин васила худ ва дигаронро аз сироятёбӣ эмин нигоҳ медоред.

Инчунин имомхатибон дар мавъизаи худ ба масъалаи намозгузорӣ дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, аз ҷумла роҳравҳои атрофи масоҷид дахл намуда, ин амалро дар шароити феълӣ маҳкум карданд:

Суруд дар бораи коронавирус

Бахшида ба мавзӯи коронавирус дар Тоҷикистон суруд сабт шуд. Тарона муроҷиат ба Худост бо дархости муҳофизат аз ин беморӣ. Мусиқии таронаро овозхон Баҳодур Илҳомӣ таҳия кардада, муаллифи шеъри он шоираи шинохтаи тоҷик Фарзона аст.

Онро худи муаллиф Баҳодур Илҳомӣ, инчунин Шермуҳаммад Шерматов, Дилрабо Қурбонова, Нозимҷон Бойназаров, Низомҷон Азимов, Баротҷон Шерматов ва Илёс Очилов иҷро мекунанд.

10 000 ниқоби ройгон

Бо афзоиши нигарониҳо аз эҳтимоли сирояти коронавирус дар Тоҷикистон, баъзе аз ширкату муассисаҳои хусусӣ ба тақсими ройгони ниқобҳои тиббӣ шурӯъ кардаанд. Қаҳвахонаи «Max biff burger» яке аз онҳост ва кормандонаш рӯзи 6-уми апрел ҳам дар дохили қаҳвахона ва ҳам берун аз он ниқоб тақсим мекарданд. Фирӯза Ҷалилова мудири қаҳвахона гуфт, ки дар маҷмӯъ барои мардум 10 ҳазор ниқоб харидаанд, то ба онҳо ва ҳам ба кори худ кумак кунанд. Аз ин пеш ширкатҳои таксии «Максим” ва «Рахш» ба муштариёну сокинон дар Душанбе ва Хуҷанд ниқоби ройгон тақсим карданд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *