Мактаббача марди 50-соларо кушт

Дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон хонандаи синфи 10-и мактаби рақами 69-и шаҳри Тошканд ба гумони даст доштан дар қатл дастгир шудааст.

Дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон хонандаи синфи 10-и мактаби рақами 69-и шаҳри Тошканд ба гумони даст доштан дар қатл дастгир шудааст.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии Ӯзбекистон, ин ҳодиса рӯзи 10 апрел дар назди яке аз ҳавлиҳо дар кӯчаи Яшнободи Тошканд рух додааст.

Як хонандаи синфи 10 аз пас ба сари марди 50-сола бо асбоби оҳанӣ кӯфта ва ӯро ба ҳалокат расондааст. Сипас, ӯ аз маҳали ҳодиса фарор карда ва рӯзи 12 апрел аз ҷониби пулис дастгир шудааст.

“Дар натиҷаи баҳсу мунозира миёни мактаббача ва мард хонандаи мактаб К.Ш. бо табар чанд бор ба сари А.Х. барқасдона зада ва барои пинҳон кардани ҷиноят ҷасадро ба чоҳ партофта ва аз ҷойи ҳодиса фарор кардааст”-омадааст дар хабари Прокуратураи генералӣ.

Ҳоло мактаббача боздошт ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *