Мактуби Хоҷа Насриддин ба Доналд Трамп

Бародари азиз Доналд!…

Ман Хоҷа Насриддинам…

Синну соли ман ба чандин ҳазор расида…

Дар Биҳишт ҳангоми бо ҳам ҷуфт шудани Момоҳаво ва Одам ҳамроҳи Мурғи Товус, Шер ва Мор ширкат доштам…

Вақте ки кайҳоннавардони амрикоӣ ба рӯи Моҳ фуруд омаданд, онҳо пеш аз ҳама, дар рӯи он Сайёра изи пои ман ва маркабамро диданд…

Оре, ман як нафар сайёҳи ин Кайҳонам…  Ман будам, ки бо нахустпайғамбар Зардушт сари гулхан нишаста, дар бораи ситораҳо ва мурғони мурдахори олами пас аз марг суҳбат мекардам…

Он ман будам, ки ҳамроҳи Буддои Шарафманд дар сари дарахти «Бодхи» нишастаам…

Он ман будам, ки бо шоҳ Сулаймон аз боби хирадмандӣ суҳбат мекардам…

Он ман будам ки дар Голтафа истода будам ва бо Корвони Паёмбар роҳ мепаймудам! Бигзор Аллоҳ ӯро биомурзад (с)!…

Дар бораи ҷанг ман будам, ки бо Чингизхон суҳбат меоростам…

Бо Конфутсий аз боби давлат гап мезадам…

Бо Гандал аз боби қуввати амалиёти бидуни ҷабр… суҳбат ороста будам…

Бо Сталин аз боби шоҳаншоҳӣ гап мезадам…

…Ниҳоят, маркаби чанголуди нимҷони ҳазорсола маро ба Руси имрӯза овард…

Ин ҷо алафи зиёди хуштамъ мерӯяд… маркаби ман аз шодӣ ҳангос мезанад, аммо одамон гуруснагӣ мекашанд. Куҷоанд майдонҳои гандуму овёс ва зағиру ҷав…

Атроф ҳама алафи бегона…

43 миллион гектар замин пӯшида бо алафи бегона…

Пирони шарафманд мегӯянд, ки ҷаҳаннам ин худ як майдони пӯшида бо алафи бегона аст…

Маълум мешавад, ки дар Россия 43 миллион гектар ҷаҳаннам аст?…

Хеле бисёр барин…

Бародари роҳдури ман, Доналд!

Имрӯзҳо ҳамагӣ дар кишвари Рус аз боби интихоботи Амрико гап мезананд, гӯё Хоҷаи худро интихоб мекарда бошанд…

Шояд ҳамин тавр ҳам бошад? Аҷаб не, ШМА-хуҷаини дунёст?..

Ман ҳам хостам Амрико рафта, ба тарафдории ту овоз диҳам, аммо маркаби ман рӯ-рӯи обҳои уқёнус рафта наметавонад, балки сангобҳоро дӯст медорад…

Хирадманде гуфтааст, ки дар олам ҳамагӣ ду ҳизб ҳаст: ҳизби Худо ва ҳизби Шайтон…

Дар Амрикои ту низ ду ҳизби асосӣ ҳаст — ҳизби филҳо-ҷумҳуриятхоҳон ва ҳизби маркабҳо — демократҳо…

Ман барои филҳо овоз додам, маркабам барои  маркабҳои худаш…

Ана ҳамин тавр мо дар кишвари Рус мегардем: фил савори маркаб…

Аз пеш баромадагон мегӯянд: бинед, фили хирад савори маркаби сиёсат!…

Аслан баръакс мешавад!..

Хирадманде гуфт, ки Калламӯшҳои сиёсат Мурғи Қуи Ҳат ва Товуси Фарҳангро майда карда мехӯранд…

Бародарам! Ин дунё аз диктатураи гуфтаҳои сиёсатмадорони дурӯғгӯ, банкиру журналистҳо хаста шуда… Аз ин пеш дурӯғ вуҷуд дошт, мисли тир, мисли корд…

Имрӯз дурӯғ чун бомбаи атомист, ки ба тӯри худ васоити умумии ахбори бисёр мамлакатҳо ва халқҳоро печонда гирифтааст…

Доналд! Тамоми олам интизори ошкорбаёнӣ, корҳои наву ғояҳои нави ту буданд… Ту бошӣ, аҷаб ҳарфе гуфтӣ: «Эрон давлати террористии рақами 1 аст»…

Худоё!

Кӣ ба ту ҳуқуқ додааст, ки як давлату халқи бутуни онро террорист номӣ?!…

Эрон – кишвари форс- Кушк, Гаҳвораи қадимаи инсоният  мебошад…

Ҳанӯз Плутарх навишта буд, ки панҷ ҳазор сол пеш аз ҷанги Троя, дар заминҳои Форси қадим паёмбар Зардушт мезист ва ӯ мардумро яккахудоӣ меомӯхт…

Дили Искандари Мақдунии Бузургро забони занони форс тасхир карда буд ва ӯ Рухшонаи Эрониро ба занӣ гирифт…

Бародарам, Доналд!

Ман дар ҳамон тӯи хеле ширини серғавғо иштирок доштам!..

То имрӯз он аз ёдам намеравад!…

Афсӯс, ту дар он тантана набудӣ! Охир, ту ҳам ба қадри зебоии зебосанамон мерасӣ, худ як марди зебо, ороставу перостаӣ…

Доҳиёни аврупоӣ ҳама зиштрӯянд, аз ин рӯ туро бад мебинанд…

Қуръони маҷид мегӯяд: «Аз онҳое, ки хубчеҳраанд, зиёдтар талаб кун…»

Зиштрӯён ҳақиқатрову худи халқро, мулкрову сиёсатро, таърихрову фарҳангро барғалат қаламдод мекунанд…

Онҳо хуни одамони зеборо мемаканд…

Эрон инсонҳои зебою шуҷоатманд тавлид мекунад…

Ана ҳамин як мамлакати куҳан ва соҳибхирадро ту террорист меномӣ…

Худоё!.

Террористҳо ин ашхосе – шайтонҳое мебошанд, ки одамонро ба қатл мерасонанд…

Ба ҳарфам гӯш деҳ, ШМА, кишвари ту, халқҳои бутун ва кишварҳоро –Япония, Югославия, Ироқ, Афғонистон, Ливия, Сирияро несту нобуд мекунад.

Навбати кист акнун?.. Навбати Эрон?.. Ин гуна як мулки ҷангараро чӣ тавр номем?… Аслан гирем, Террористи воқеӣ — худи ШМА!

Бародарам, Доналд!

Ғояи шайтонии қадимаи подшоҳӣ дар тамоми олам аз давраҳои қадим олам ва худи Амрикоро азият медиҳад ва ҳам вайрон карда, ба футур меоварад… Гоҳҳо чунин менамояд, ки Амрико бо ёрии доллари сохтаю куҳнашудаи худ ва низ Ҳолливуд, рок-н-рол, компутар ва ҷинсаш ба мақсади шайтонии худ расида…

На! Ин як фусуни хатарнок аст! Як сароби шайтонист, ки мехоҳад аз Парвардигор Бузургии Ӯро ситонад… Аммо ин хобу хаёл аст, на беш аз он!.. Вале ғояи Ҳокимияти Саросарӣ дар айёми тирагун шудани ҳаёт мисли  каждуми моҳи май аз зери санг берун меояд…

Аҷабо, гӯсфандҳо ин ҳашароти заҳрдорро кайф карда мехӯранд… гӯё хӯроки дӯстдоштаи онҳо бошад…

Ана ҳамин тавр халқҳое, ки моликияти онҳоро ШМА мехӯрад, худашон сари Амрикоро хоҳанд хӯрд…

Бародарам, Доналд!

Ман хунхор нестам. Ин корро ҳам дидан намехоҳам…

Аммо ман ба чашми сарам дидам, ки чӣ тавр шоҳаншоҳиҳо ва тамаддунҳо аз дасти дурӯғ, ғарӣ ва ташнагии молу чиз фано гаштанд…

Оятулло Ҳумайнӣ гуфта буд: «Агар ҳокимон дар фикри сарварӣ афтанд, халқашон мемирад!»

Иоанн Златоусӣ ҳам гуфта буд: «Агар ту ба камбағали бечора ёрӣ надиҳӣ, дар куштори ӯ ширкат меварзӣ!…

Ҳамаи олигархҳо-қотилони халқҳоянд!…

Мегӯянд, ки ту ҳам дар хонае зиндагӣ мекунӣ, ки деворҳояш зарҳалианд… Чӣ хоҳад буд, агар онро вайрон карда, пулашро ба бенавоён, хоса бенавоёни Россия бубахшӣ?!…

Худоё!…

Ҷониби Ғарб ва Амрико аз Россияи имрӯза душман метарошанд…

Чаро? Барои он чунин як «душман»-и афсонавӣ зарур аст, ки «НАТО»-и хунхорро ва дигар институтҳои одамхори ҳарбӣ ва як лашкари суханпардозони сиёсатмадореро, ки дар кунҷу канори олам алангаи оташ ба даст мегарданд ва дар гулӯ ҳама тавқ (галстук) доранд ва ё надоранд ва корашон ангехтани оташи ҷангҳои беохир аст, хӯрондаву пӯшонда тавонанд.

Дар китоби муқаддаси Библия ҳақиқатро сабт карда, ки «пойҳои ишон аз баҳри рехтани хун дартозанд…» Гарданҳояшон баста ба тавқ, вале дасту поҳо-хунбор…

Бародарам, Доналд!

Дар таърихи ҷаҳон то ҳол чунин ҳодиса рух надода, ки айёми оромиш, бидуни ҷангу инқилоб, як Давлати Бузург — Иттифоқи ҷамоҳири советии сотсиалистӣ (СССР) ҳамаи он чизеро, ки дошт, аз даст диҳад: Шартномаи ҳарбии Варшаваро барҳам зад, аз ҳалқаи давлатҳои дӯст берун рафт, бо дастони Елсини сармаст заминҳои нопайдоканори рус, нафту газ, тилло, ҷангал, олимони боистеъдод, артистҳо, занҳои моҳпайкар ва ояндаи кишвар —  бачагони бегуноҳу бемуҳофизро низ аз даст дод…

Ин худ як хурӯҷи дарди ҷунуни таърихӣ, монанд ба худкушии наҳангу делфинҳо буд…

Россия ба як бозори ҷаҳонӣ, як сайронгоҳу ҷои савдои дурӯғ ва марг табдил ёфт.

Ана ба ҳамин як тантанаи шайтонӣ ҳамаи мунофиқҳо, дузду фиребгарҳои олам тохта омаданд!..

Бо шумо — Амрикову Аврупо ин кишварро, ин Гадозани Валинеъматро, ки ҳама дороиашро муфт аз даст дод ва дар чаҳорсӯи замона, байни халқҳои дарранда,  чун Исои масеҳи чормехтагашта мондааст, «душмани қаттол» меномед!

Бародарон, ба худ оед!

Тумани дурӯғро аз пеши чашм дур созед!

На, СССР худ ба худ вайрон нашуда!..

Шумо ба воситаи ҷанги ахборотии афғондор ин мулки Аҷнабро ба қатл расондед…

Ҳамон шогирди боистеъдоди Макиавелли — Президент Рейган буд, ки ба мағзи маймунсифати тракторчӣ — Горбачёв Формулаи дарҳам задании СССР: бозор… бизнес… биржа… долларро тиқонда монд. Ҳа, илова ба ин ӯ озодии сухан,… одоби сиёсӣ,… ҳуқуқи майдамиллатҳо… шахсият авлотар аз давлатро ҷорӣ намуд…

Ана ҳамин тариқ ин сол ба ҷунбиш омад ва ҳама чизро ба асфаласафилин кашида бурд!…

Аё Парвиардигори Тавоно!…

Ту аз ҳама чиз огаҳ астӣ, аммо хамӯшӣ…

Ман як мӯрчаи дупо чизеро намедонам, вале азият мекашам…

Бародарам, Доналд!

Рейган-роҳбари аз ту пешбар омада ва мушовирони пинҳониаш -банкирҳо дарди азалии шоҳаншаҳӣ (империя)-ро медонистанд: аз шахси якум вобаста буданро.

Шахси якум майхора бошад, тамоми шоҳаншоҳӣ мастӣ мекунад…

Шахси якум дурӯғпардозӣ кунад, тамоми шоҳаншоҳӣ ба гирдоби уқёнуси он меафтад…

Шахси якум девонавор ва беохир гирди олам сайругашт кунад, тамоми халқ ҳам лӯлиҳои кӯчманчӣ барин мегардад…

Ҳамагӣ ин сӯву он сӯ равуо мекунанд, мелаққанду варсоқӣ мезананд, аммо касе нест, ки барои пешрафти мулк заҳмат кашад…

Ниҳоят, Президент Клинтон росташро гуфт: «Мо барои пора дода харидани роҳбарони СССР 8 миллиард доллар сарф карда бошем, аз он ҷо 5 триллион доллар фоида гирифтем!…»

Чунин аст ҳисобу китоби хунчакони шикасту рехти мамлакате, ки дар он одамон бепул таҳсил мекарданд, табобат меёфтанд ва соҳиби хонаву дар мешуданд!… Илова ба ин ба фардои босаодат боварӣ доштанд. Ана дар ҳамин кишвар як ҷавони қишлоқӣ метавонист хонда академик шавад, аъзои ҳукумат, кайҳоннавард ё дипломат гардад…

Демократияи воқеӣ дар ҳамон вақт вуҷуд дошт, ҳарчанд онро коммунизм меномиданд…

Дар ин кишвар ҳамагӣ барои Мақсади Олӣ меҳнат мекарданд! Дар он пул ҳоким набуд!…

Балки меҳру садоқат, ҳамёрӣ, дӯстӣ ҳукм меронд!…

Барои дӯст ҷони худро дареғ намедоштанд!..

Инак, ана ҳамин халқи советӣ, 300 миллион одамони советӣ якбора ба ахлотҷои таърих партофта шуданд!…

Ҳама бадбахт шуданд: ҳам онҳое, ки дар қуттиҳои ахлот чизи зарурро мекофтанд, ҳам онҳое, ки савори лимузинҳои дуздида буданд…

Воқиан, ягон нафар аз олигархҳои навбаромад азкарда пушаймон шуда узр ҳам нахост…

Агар мешуд, як рӯйдоди ғалатии умумиросиягӣ мешуд!

Бародарам, Доналд!

Магар ҳамин Россияи қашшоқ бароят душман аст?

Душмани Амрикои бадавлату сарват, ки тамоми оламро ғарқ мекунад?..

Астағфируллоҳ!

Худо, ҳам бенавоёнро дӯст доред!

Худо, Россияро дӯст доред!..

Исои Масеҳ — он мададгори бузург шогирдонро на дар қасрҳои тиллоӣ, балки дар хонаҳои гилин сабақ медод!…

Имрӯзҳо Исои Масеҳ дар кӯчаҳои фаромӯшгашта, ки ҳуҷраҳояш мехкӯб шудаанд, ҳайрону сарсон мегардад…

Амрико мисли Россия як кишвари христионист…

Пас шумо — амрикоиҳо чаро бо Россия меҷангед?..

Дар ёд доред: ҳар кӣ бо Россия меҷангад, вай ба худи Исои Масеҳ меҷангад!..

Инашро низ ба гӯш ҳалқа кунед, ки Россия якумр наметавонад тақдири худро таҳаммул кунад… чун Худо…

Ҳамеша наметавонад чун гӯсфанди қурбонӣ ором бошад…

Ба ёд оваред: Халосӣ аз шамшер аст!..

Маълум аст, ки асп аз ногувории ҳолат метавонад ба  селаи гург ҳамла кунад!..

Саворагони руси аспҳои Акокалипсиси Атомӣ, афсари рус, аз костагии қадру манзалати хеш ва нодорӣ, метавонанд он Аспҳои Акокалипсисро раҳо кунанд…

Он вақт Амрикои роҳатбахш, шикамсери бепарво бо ҳамаи сахтмони аз тарси бомбаборон сохтааш зери мавҷи об ё  талотуми Оташ монда хокистар мешавад…

Худовандо!

Кардаҳои ту бузург ва пурасроранд!

Дарвозаҳои асрори ту низ доимо пӯшида…

Хирадманде гуфта: «Дар олам се мулкро ором гузоштан зарур: Исроили назаркардаи Худойро… Эрони муқаддасро… Руси бошафоатро…

Ин се мулк бо Худо ҳамнафасанд!

Бо ӯ бевосита суҳбат мекунанд!..

Ҷанг бо ин се кишвар оғози ҷанги ҷаҳонист!..

Агар ту бо Исроил биҷангӣ — ту бо Яҳё меҷангӣ!

Агар ту бо Эрон биҷангӣ — бо Аллоҳ меҷангӣ!

Агар ту бо Россия биҷангӣ — ту бо Исои Масеҳ меҷангӣ!..

Акнун дар бораи Украина!

Бародарам, Доналд!

Агар штати озодидӯстӣ Техас аз Амрико ҷудо нашуда, тирҳои дайдуи сепаратизм (ҷудоихоҳ) чор тараф мерехт ва Россия рӯирост ба шӯришгарон ёрии пулию моддӣ мерасонд, Ту чун Президенти ИМА чӣ кор мекардӣ?

Украина ин Техаси Рус аст!

Худи украинҳо — бародарони ҷонии русанд, аммо нисбатан тунду тез, саргарм озодихоҳанд аз замини серҳосили худ, аз рӯғани дилкаши чорпо ва ҳам аз горилкаи (шароб) асалӣ…

Эҳ, чӣ ҷои гап!..

Хуб мешуд, мову ту, бародарам Доналд, дар ягон трактир (тарабхона) нишаста чорта чақ-чақ мекардем. Аз гӯшти барраи калифорнӣ газак сохта, аз арақи русӣ рехта «барои сулҳ дар тамоми дунё» ва пешрафту нумӯи Россия ва Амрико қадаҳ мебардоштем!..

Бародар!..

Ту ба таърихи муносибатҳои деринаи ду бародар, ки аз мулкат ҳазорон форсах дур зиндагӣ мекунанд, кордор нашав!..

 

Бо салому меҳри қадима,

Бародарат Хоҷа Насриддин, сайёҳи ҷовидонаи олам, ки шарики азияткашиданҳои дигарон аст…

Темур Зулфиқоров

Аз русӣ тарҷумаи Нур Табаров

Послание Ходжи Насреддина Президенту Дональду Трампу

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *