Манижаву Ёсуман гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе шуданд

Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева сазовори   стипендияи Раиси шаҳри Душанбе   Рустами  Эмомалӣ  гардиданд.   Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  ба  номбурдаҳо  ба маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ дар як моҳ барои нуҳ моҳи соли хониши 2017-2018  стипендия таъйин  гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ин иқдом  бо мақсади ҳавасманд ва қадрдонӣ намудани ин ду соҳибистеъдоди навраси пойтахт, ки соли 2017 дар озмуни байналмилалии  «Кӯдакони нобиға – 2017» иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд, амалӣ гардид.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *