Маорифи Ҷайҳун натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлуҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мавриди арзёбӣ қарор дода шуда, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа арзёбӣ гардид. Зимнан, шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун бо дарки ин нукта дар соли 2025 баҳри рушди соҳа кӯшида, натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.

Бино ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун Умед Эшонзода, дар ноҳия 52 муассисаҳои таълимӣ, Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази технологияи иттиллоотӣ ва коммуникатсия, Маркази дарёфти рушди истеъдодҳо ва 3 адад муассисаҳои томактабӣ  фаъолият доранд.

Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1899 нафар омўзгорон (аз ҷумла занон 968 нафар), аз инҳо 1043 нафар бо маълумоти олӣ, 669 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 187 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил намуда истодаанд, ба таълиму тарбия машғул мебошанд. Бо дараҷаи тахассуси олӣ 408 нафар, бо дараҷаи тахассуси якум 544 нафар, бо тахассуси дуюм 321 нафар, бе дараҷаи тахассусӣ 626 нафар омўзгорон фаъолият доранд. Шумораи омўзгороне, ки унвони Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳибанд, 35 нафар мебошанд. Норасоии омӯзгорон дар ноҳия то ҳол ба қайд гирифта нашудааст.

Айни замон дар ноҳия 42487 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки аз инҳо 20548 нафарашонро духтарон ташкил мекунанд.

мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун Умед Эшонзода

Ба гуфтаи Умед Эшонзода, сол то сол шумораи хонандагон дар ноҳия зиёд шуда, аҳли маорифчиёнро зарур аст, ки баҳри таъмин намудани хонандагон бо ҷойи нишаст ва шароити созгор барои таҳсили онҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

– Таърихи 25-уми декабри соли 2025 барои аҳли маорифчиёни ноҳияи Ҷайҳун ва тамоми сокинони ноҳия рӯзи таърихӣ дар масири ҳаёт буд. Дар ин рӯзи муборак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷайҳун ташриф оварда, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 иборат аз 28 синфхона, як маҷлисгоҳ, як адад толори варзишӣ, китобхона ва дигар бинои ёрирасон, инчунин бо тамоми шароити созгори таълимӣ барои хонандагон ва омӯзгоронро мавриди истифода қарор доданд. Ҳамзамон, дар идомаи сафари кории Пешвои миллат дар назди муассисаҳои таълимии №№1 – 10 синфхона, №6 – 10 синфхона, №11 – 10 синфхона ба истифода дода шуда, синфхонаи маракази инкишофи кӯдак, дар назди муассисаи таълимии №12 – 7 синфхона ва дар назди муассисаи томактабии №3 “Калидчаи тиллоӣ” – 8 синфхона азнавсозӣ гардида, бо тамоми шароити хуб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Чунин  синфхонаҳои иловагӣ ва муассисаи таълимии №53 туҳфаи беназири Пешвои маорифпарвар барои мо – аҳли маорифчиёни ноҳия ба ҳисоб меравад,- афзуд ӯ.

Зикр гардид, ки дар соли 2025 дар назди муассисаи таълимии №4 – 4 синфхонаи иловагӣ аз тарафи КАСА-ҳазор, бо дастгирии Кумитаи падару модарон дар назди муасисаи таълимии №22 – 6 синфхона, дар назди муассисаи таълимии №19 – 4 синфхона ва дар назди муассисаи таълимии №8 – 4 синфхона, дар маҷмуъ 103 синфхонаи иловагӣ дар соли 2025 дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия сохта ба истифода  дода шудааст. Айни замон сохтмони 69 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия бомаром идома дошта, то анҷоми соли 2026 ба истифода дода мешаванд. 

Инчунин, дар назди 15 муассисаи таълимии ноҳия аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 синфхона барои маркази барвақтии инкишофи кӯдакон сохта шуда, то ба ҳолати имрӯза 16 синфхонаҳои он ба истифода дода шуда, боқимондаи онҳо дар арафаи ҷашни  байналмилалии “Наврӯз” мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Дар соли 2025 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 адад кабинетҳои фаннӣ аз фанҳои физика, химия, биология, география, математика, технологияи иттилоотӣ ва суруду мусиқӣ дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шудааст.

Умед Эшонзода дар мавриди баргузории озмунҳо сухан гуфта, зикр намуд, ки дар соли 2025 давраи 1-уми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардида, ба даври дуюми озмуни ноҳиявӣ 4000 нафар хонандагон роҳхат гирифтаанд. Ин хонандагон дар даври дуюми озмуни ноҳиявӣ фаъолона иштирок намуда, 41 нафар хонандагон ва 4 нафар омӯзгорон ба даври озмуни вилоятӣ роҳхат гирифта, дар даври вилоятӣ фаъолона иштирок кардаанд.

Дар даври дуюми озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” 621 нафар хонандагон фаъолона иштирок намуда, аз ин шумора 36 нафар  хонандагон ба даври дуюми озмуни вилоятӣ роҳхат гирифта, дар даври вилоятӣ фаъолона иштирок кардаанд. Аз байни хонандагони мазкур 1 нафар хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии №17 Ғанизода Мастона дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар номинатсияи биология иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардидааст.

Ҳамзамон, оид ба тақвият бахшидан ба хондани китобҳои бадеӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 06.03.2025, №39 ҷиҳати амалисозии қарори ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 28.05.2024, №5/11 “Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон аз 25.05.2024 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва ташаббуси созандаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бахшида ба эълон гардидани “Соли 2025 – соли фарҳанги китобхонӣ” дар тамоми муассисаҳои таълимӣ аз тарафи гурӯҳи кории шуъбаи маорифи ноҳия санҷиш гузаронида шуда, айни замон ин иқдом бомаром идома дорад.

– Яке аз масъалаҳое, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ин бақайдгирии хонандагон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар робита ба ин шуруъ аз моҳи марти соли 2025 бақайдгирии довталабон дар нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестӣ дар ҳудуди ноҳия оғоз гардида, то охири моҳи июн аз шумораи 1433 нафар хонандагони синфҳои 11 (472 нафар духтарон ва 961 нафар писарон) дар маҷмуъ 1203 нафар (389 нафар духтарон ва 814 нафар писарон) хонандагон аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаронида шуданд, ки ин дар умум 83,9 фоизро (82,4 фоиз духтарон ва 84,7 фоиз писарон) ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ, ҳамагӣ 641 нафар хатмкунандагон тариқи ММТ ба муассисаҳои олии кишвар дохил шудаанд, ки ин 61 фоизро ташкил медиҳад,- мегӯяд мудири маорифи ноҳияи Ҷайҳун Умед Эшонзода.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *