Маоши устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ 15% зиёд шуд

Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфта шуд, ки дар соли 2025 музди меҳнати омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ 15 фоиз зиёд шудааст.

Тавре ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода иттилоъ дод, афзоиши музди меҳнат яке аз дастовардҳои муҳими донишгоҳ дар соли ҷорӣ ба шумор меравад ва ба беҳтар намудани шароити иҷтимоии ҳайати омӯзгорон равона шудааст.

Ҳамзамон, ба Донишгоҳи миллӣ иҷозат дода шудааст, ки 12 ихтисоси нав дар зинаи бакалавр фаъол намояд. Ин ихтисосҳо ба талаботи замони муосир ва бозори меҳнат мутобиқ буда, самтҳои моделиронии математикӣ, технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ зеҳни сунъӣ,  системаҳои иттилоотӣ ва технология, забони хориҷӣ бо нишон додани забони таҳсил, иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна, молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди берунӣ, геология (сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва нақбҳо) ва ғайраро дар бар мегиранд.

Ба гуфтаи ректор, ихтисосҳои нав хусусияти замонавӣ ва рақобатпазир дошта, дорои зарфияти баланд барои ҷалби мутахассисон дар бозори меҳнат мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *