Мард ҳамсарашро бо хишт… куштааст

Марди 48-солаи сокини деҳаи Сангпари шаҳри Ваҳдат рӯзи 15 июн аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш-зани 40-сола ҷанҷол намуда, бо хишт 6 маротиба ба сару рӯяш задааст.

Марди 48-солаи сокини деҳаи Сангпари шаҳри Ваҳдат рӯзи 15 июн аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш-зани 40-сола ҷанҷол намуда, бо хишт 6 маротиба ба сару рӯяш задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳоло ин мард дастгир шуда ва нисбаташ аз рӯйи моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 17-уми июни соли 2019 марди 30-солаи сокини ноҳияи Абудраҳмони Ҷомӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо марди 34-солаи сокини деҳаи Мирзоободи ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб намудааст.

Сипас, номбурда аз хонаи истиқоматиаш 1-адад корди хоҷагиро гирифта, ду маротиба ба шикам ва пушти марди ҷабрдида задааст.

Мувофиқи маълумотномаи тиббӣ ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Баъдан номбурда бо хоҳиши худ ихтиёран ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ омада, ба гуноҳи содирнамудааш пурра иқрор шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.