Марги 4 нафар дар натиҷаи як садаме дар Хатлон

Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Данғара–Сарбанд (Леваканд) чаҳор хеши наздики домод ба ҳалокат расида, чаҳор нафари дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Ҳодиса рӯзи 27 декабр ҳангоми ҳаракати қатори мошинҳои тӯй барои овардани арӯс рух додааст.

Тибқи иттилои “Азия-Плюс”, як мошини барқӣ аз кортежи тӯёна бо худрави тамғаи “Лексус”, ки аз самти муқобил ҳаракат мекард, бархӯрдааст. Дар ҷои ҳодиса додари домод, амакаш, духтари амакаш ва ронанда фавтидаанд. Маҷруҳон ба бемористон интиқол дода шуданд.

Ҷасади ҳалокшудагон дар ноҳияи Восеъ ба хок супурда шуд. Сабабҳои садама таҳқиқ карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *