Садамаи қатора дар Мексика ҷони 13 нафарро гирифт
Дар пайи аз релс берун шудани як қатора дар иёлоти Оахака, воқеъ дар ҷанубу ғарби Мексика, дастикам 13 нафар ба ҳалокат расида ва тақрибан 100 нафар захмӣ шуданд.
Дар ин бора расонаҳои мексикӣ хабар додаанд.
Ба иттилои манбаъҳо ин қатора, ки байни Халиҷи Мексика ва Уқёнуси Ором ҳаракат мекард, 241 мусофир ва 9 узви экипаж-ро интиқол медод.
Ба гуфтаи мақомот, 98 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки аз миёни онҳо 36 нафар дар бемористон таҳти муроғибати пизишкӣ қарор доранд.
Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки қатора ҳангоми гузаштан аз як гардиши роҳ дар наздикии шаҳри Низанда аз релс берун шудааст.
Мақомоти мексикӣ ҳоли панҷ нафар аз замиҳоро вазнин арзёби кардаанд.
Ба иттилои Додситонии кулли Мексика нисбати ин ҳодиса парванда боз шуда таҳқиқот оид ба сабаби ин ҳодиса оғоз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ