ВМКБ, бунёди беш аз 50 корхона дар соли 2025

Дар  соли 2025 Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, беш аз 50 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд, ки ин раванд дар самти саноатикунонии босуръати вилоят бесобиқа мебошад.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» 29-уми декабр хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, аз соли 2022 то соли 2025 беш аз 140 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба истифода дода шуд.

Манбаъ дар иттилоияе гуфтааст: “Солҳои охир соҳаи саноат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш чанд маротиба зиёд гардид. Аз ҷумла, барои расидан ба ҳадафи олӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар ин замина таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон».

Дар ин замина дар вилоят то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмон ва навсозии даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 400 корхонаи саноатӣ бунёд карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *