Партоби 3 моҳвораи ҷадидӣ Эрон ба фазо
Ҷумҳурии исломии Эрон се моҳвораи ҷадиди хуро ба фазо партоб кардааст.
Дар ин бора хабаргузории “Тасним” рӯзи 28-уми декабр хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Эрон рӯзи якшабе 28-уми декабр се моҳвораи ҷадиди худ бо номҳои “Кавсар”, “Зафар 2” ва “ Поё (Тулӯъи 3)”-ро ба фазо партоб кардааст. Ин моҳвораҳо аз як пойгоҳи фазоии Русия, бо моҳворабарӣ “Союз” партоб шуда дар мадор қарор гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки Эрон аввалин моҳвораи худро бо номи “Умед” дар соли 2009 партоб карда буд. Инчунин дар солҳои 2022 ва 2023 моҳвораҳои “Нур-1”, “Нур-2”ва “Нур-3”-ро ба фазо равон кардааст.
Ба иттилои манбаъҳои расмӣ то соли 2025 Эрон беш аз 10 моҳвораро ба фазо партоб кардааст, ки дар мадори Замин қарор гирифтааст. .
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ